Трамп марди соли “исломҳаросӣ” шуд
(last modified Mon, 12 Nov 2018 14:24:53 GMT )
Ноябр 12, 2018 19:24 Asia/Dushanbe
  • Трамп марди соли “исломҳаросӣ” шуд

Мусулмонони Бритониё раисиҷумҳури Амрикоро, намоди "исломҳаросии 2018" муаррифӣ карданд.

Ба гузориши ИРНА, мусулмонони Бритониё ҳамасола касонеро, ки ба далели изҳорот ва иқдомоти нафратафканонаи худ бештарин нақшро дар густариши исломҳаросӣ доштаанд, ба унвони намоди соли “исломҳаросӣ” муаррифӣ мекунанд.

Масъуд Шаҷара, раиси Комиссияи ҳуқуқи башари исломии Бритониё, якшанбешаб дар маросиме ба ҳамин муносибат дар Лондон гуфт, мояи таассуф ва ваҳшат аст, ки Доналд Трамп бо изҳороти қулдрмобона(зӯргуёна) ва танаффурбрангези худ, ба мақоми раёсатҷумҳурии кишваре расидааст, ки қудратмандтарин кишвари ҷаҳон қаламдод мешавад.

Ба гуфтаи коршиносон, аз замони рӯйи кор омадани Трамп, нажодпарастӣ ва исломҳаросӣ на фақат дар дохили Амрико, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ низ шиддат ёфтааст.

Доналд Трамп фармони иҷроӣ содир кардааст, ки ба мӯҷиби он, вуруди шаҳрвандони чанд кишвари исломӣ ба хоки Амрико мамнуъ аст.