Ноябр 15, 2018 15:09 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Ашраф Ғанӣ аз эҳдоси донишгоҳи арабистонӣ дар Нангарҳор

Раисҷумҳури Афғонистон бори дигар бар лузуми эҳдоси Донишгоҳи исломӣ аз сӯйи Арабистон дар вилояти Нангарҳор таъкид кард.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар дидор бо мардуми вилояти Нангарҳор гуфт, тағйири маҳалли иҷрои лоиҳаи Донишгоҳи исломӣ бо буҷаи Арабистон аз вилояти Нангарҳор ба Кобул ҳақиқат надорад ва ин донишгоҳ дар Нангарҳор сохта хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, бисёре аз маҳофили сиёсӣ ва мазҳабӣ дар Афғонистон бар ин эътиқоданд, ки ҳуккоми Оли Сауд барои тавсеаи нуфузи худ, бахусус тарвиҷи ваҳҳобият дар саданд, ба истилоҳ Донишгоҳи исломӣ бо буҷаи 500-миллиондолларӣ дар вилояти Нангарҳор эҳдос намояд.

Нангарҳор ҳамарз бо Покистон аст ва ахиран ба пойгоҳи гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро низ табдил шудааст. Баррасии сиёсатҳои режими Оли Сауд нишон медиҳад, ки ин кишвар дар солҳои ахир сармоягузории ҳангуфтеро барои густариши ваҳҳобият дар манотиқи мухталифи ҷаҳон анҷом дода, ки маҳсули он тарвиҷи хушунатгароӣ ва терроризм будааст. Намунаи сармоягузории Арабистон дар мавзӯи омӯзиш Покистон аст, ки болиғ бар бист ҳазор мадрасаи динӣ дар ин кишварро ҳимоят мекунад ва маҳсули он густариши хушунату ифротгароӣ дар Покистон аст.

Хабаргузории “Спутник”-и Русия дар таҳлиле дар мавриди паёмадҳои таъсиси донишгоҳи Арабистон дар Афғонистон навишт: "Тадрис дар ин донишгоҳ бо забони арабӣ хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки то кунун тадрис дар донишгоҳҳо ва ҳатто мадориси динии Афғонистон умдатан бо забонҳои миллӣ сурат мегирифтааст. Манобеи дарсӣ низ бо забонҳои миллӣ ё забонҳое, ки бештарин суханваронро доранд, тарҷума ва арза мешуд, бинобар ин Арабистон аҳдофи баландмуддатеро барои Афғонистон дар назар гирифта, ки хатарнок аст".

Арабистон дар ҳоле мекӯшад, мавқеият ва нуфузи худро дар Афғонистон тавсеа диҳад, ки талошҳояш дар солҳои ахир дар ин замина ноком будааст. Афғонистон агарчи дар солҳои ахир даргири ҷанги дохилӣ буда, аммо мардуми ин кишвар ҳеҷ гоҳ ба самти фирқагароӣ ҳаракат накарданд ва пайравони мазоҳиби мухталиф ҳамвора дар канори ҳам зиндагии мусолиматомез доштаанд. Ба ҳамин далоил омӯзаҳои ваҳҳобият ҳеҷ тарафдор ва харидоре дар Афғонистон надоранд. Аммо ҳуккоми Оли Сауд дар сададанд, таҳти пӯшиши эҷоди донишгоҳи ба истилоҳ исломӣ аҳдоф ва ниёти худро дар Афғонистон иҷро намоянд.

Сайидваҳид Зуҳурии Ҳусайнӣ, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд: "Арабистон бо таваҷҷуҳ ба факторҳои ваҳҳобият ва тафаккури он ва алоқамандӣ барои рушду густариши ин тафаккур дар кишварҳои исломӣ ва махсусан дар Афғонистон саъй бар ин дошт, то ин ҷараёнро дар ин кишвар ниҳодина кунад ва акнун аз роҳи донишгоҳ мехоҳад ворид шавад ".

Ба ҳар ҳол, он чӣ бештар мардуми Афғонистон ва маҳофили сиёсӣ ва мазҳабӣ дар ин кишварро нигарон мекунад, сармояҳои ҳангуфте аст, ки Арабистон дар садад аст, таҳти пӯшиши донишгоҳ дар Афғонистон ҳазина кунад ва тадрис дар ин донишгоҳҳо низ бар уҳдаи мударрисине хоҳад буд, ки аз Арабистон ба Афғонистон мунтақил хоҳанд шуд ва ин метавонад барои ояндаи таҳаввулоти амниятию иҷтимоӣ ва ҳатто мазҳабии Афғонистон хатарнок бошад. Ба ҳамин далел пештар уламои Афғонистон дар мавриди паёмадҳои таъсиси донишгоҳи Арабистон дар он кишвар ҳушдор дода буданд.

 

Барчасп