Вокуниши Туркия ба тавзеҳоти додситонии Арабистон дар бораи қатли Хошуқҷӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i39499-Вокуниши_Туркия_ба_тавзеҳоти_додситонии_Арабистон_дар_бораи_қатли_Хошуқҷӣ
Вазири умури хориҷаи Туркия тавзеҳоти додситонии Арабистон дар бораи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди Саудӣ дар Истамбулро нокофӣ донист ва бори дигар таъкид кард, ин ҷиноят аз пеш барномарезӣ шуда буд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 16, 2018 16:52 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Туркия ба тавзеҳоти додситонии Арабистон дар бораи қатли Хошуқҷӣ

Вазири умури хориҷаи Туркия тавзеҳоти додситонии Арабистон дар бораи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди Саудӣ дар Истамбулро нокофӣ донист ва бори дигар таъкид кард, ин ҷиноят аз пеш барномарезӣ шуда буд.

Ба гузориши Франс-пресс, Мавлуд Човушуғлу баёнияи додситони кулли Арабистон дар бораи судури ҳукми эъдом барои панҷ нафар аз қотилони Ҷамол Хошуқҷиро нокофӣ донист ва гуфт: Изҳороти додситони кулли Арабистони Саудӣ қонеъкунанда набуд.

Човушуғлу зимни таъкид бар баста нашудани парвандаи қатли Хошуқҷӣ афзуд: Бояд омилони воқеии ин ҷиноят мушаххас шаванд ва набояд дар ин замина махфикорӣ шавад.

Шалъон аш-Шалъон сухангӯи додситонии Арабистон рӯзи панҷшанбе дар конфронси матбуотӣ гуфт, Аҳмад Асирӣ ноиби раиси собиқи дастгоҳи иттилоотии Арабистон як тими террор барои куштани Хошқҷӣ ташкил дода ва ба Туркия эъзом карда буд.

Ба гуфтаи додситонии Арабистон ҷасади Хошқҷӣ пас аз тикка-тикка шудан, хориҷ аз бинои консулгарӣ ба як фарди маҳаллӣ дар Туркия супурда шуд.

Шалъон аш-Шалъон ҳамчунин зимни табраа кардани Муҳаммад ибни Салмон валиаҳди Арабистон аз моҷарои қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, муддаӣ шуд барои панҷ нафар аз 11 муттаҳаме, ки дар моҷарои қатли Хошуқҷӣ даст доштаанд, ҳукми эъдом содир шудааст.

Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди режими Саудӣ сешанбе 2 октябр пас аз вуруд ба консулгарии Арабистон дар Истамбули Туркия нопадид шуд.

Режими Саудӣ ҷумъа 19 октябр, баъд аз 18 рӯзи сукут саранҷом таҳти фишорҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ таъйид кард, Хошуқҷӣ дар консулгарии ин кишвар ба қатл расидааст.

Ҷамол Хошуқҷӣ дар феҳристи сиёҳи режими Саудӣ қарор дошт.