Зӯрозмоии Макрон бо Трамп. Чаро ва чӣ гуна?
(last modified 2018-11-20T10:35:42+00:00 )
Ноябр 20, 2018 15:35 Asia/Dushanbe
  • Зӯрозмоии Макрон бо Трамп. Чаро ва чӣ гуна?

Раисҷумҳури ҷавони Фаронса аз ибтидои вуруди тоҷири пири Ню-Йорк ба Кохи Сафед, бештарин кашмакашро бо Трамп дар миёни раҳбарони аврупоӣ доштааст.

Мавзеъгириҳои як ҳафтаи гузаштаи сарони Порис ва Вашингтон нуқтаи авҷи ин кашмакашҳо буд.

Пас аз интиқодоти Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса аз сиёсатҳои Доналд Трамп бар сари қазоёе чун хуруҷ аз муоҳидоти байналмилалие чун Паймони обуҳавои Порис ва БарҶом ва носозгории вай дар ҳавзаи тиҷорат бо Аврупо, ҳамкориҳои низомӣ - амниятӣ дар чорчӯби НАТО, пешниҳоди Макрон барои таъсиси артиши воҳиди Аврупо боз ҳам ин дуро рӯ дар рӯйи ҳам қарор дод. То ҷое, ки Трамп ин пешниҳодро тавҳиномез хонд.

Ин кашмакашҳо пас аз сафари ҳафтаи гузаштаи Трамп ба Порис ҳам идома ёфт. Сафаре, ки дар он Трамп ба далели бориши борон аз ҳузур дар маросими ёдбуди кушташудагони ҷанги ҷаҳонии аввал шона холӣ кард ва илова бар мазаммати шадиди бисёре аз нухбагон ва расонаҳои амрикоӣ, мавриди интиқоди дӯстони аврупоии худ низ қарор гирифт. Аз ҷумла Макрон, ки натсионалистии трампиро хатои ӯ баршумурд.

Исрори Фаронса ва ҳамроҳии Олмон ва бархе дигар аз кишварҳои аврупоӣ бо идеяи артиши аврупоӣ муҷиби идомаи интиқодоти Трамп шуд. Вай дар паёми твиттерие Амрикоро мунҷии фаронсавиҳо дар ҷанги ҷаҳонӣ хонд, ки дар сурати мушорикат накардани Амрико дар ҷанг маҷбур ба омӯхтани забони олмонӣ буданд.

Вай ба сурати мустақим ҳам ба Макрон тохт ва вайро раисҷумҳуре хонд, ки бо чолиши адами маҳбубият ва нотавонӣ дар корофаринӣ рӯбарӯ аст.Трамп боз ҳам дар риштаи твитҳои ахири худ дар ин бора хоста то Фаронса ва дигар кишварҳои узви НАТО саҳми муқаррари худро аз буҷаи ин созмон бипардозанд ва ёдовар шуда, Амрико миллиардҳо доллар сарфи дифоъ аз муттаҳидони аврупоӣ карда ва миллиардҳо доллар ҳам дар тиҷорат бо онҳо аз даст медиҳад.

Дар тозатарин вокуниш ба мавзеъгириҳои Трамп, Макрон интиҳои ҳафтаи гузашта эълом кард, Фаронса дастнишондаи Амрико нест ва зарурӣ аст эҳтироми мутақобил миёни муттаҳидон ҳифз шавад.

Дар хусуси далоили шаклгирии ин вазъият дар равобити Вашингтон ва Порис дидгоҳҳои гуногуне матраҳ аст. Бархе таҳлилгарон рӯйкардҳои интиқодии Макрон ба сиёсатҳои Трампро тобеият аз суннати истиқлолталабии фаронсавиҳо дар сиёсати хориҷӣ ва баромада аз усули “Голлизм” дар ин кишвар мехонанд. Поягузори ин усул Шарл де Голля, раисҷумҳури Фаронса дар даҳаи 60 –и мелодӣ буд, ки бо рӯйкарде интиқодӣ нисбат ба вобастагии Аврупо ба Амрико, навъе меҳангароии фаронсавӣ ва истиқлолгароии аврупоиро тарвиҷ мекард. Сиёсате, ки бо шиддат ва заъф дар давраи русои ҷумҳурии Фаронса то рӯйи кор омадани Николя Саркози (2007 то 2012) дунбол мешавад ва пас аз давраи гароиши муфрати Порис ба сӯйи Вашингтон, боз ҳам мавриди таваҷҷуҳи раҳбарони Порис қарор гирифт.

Авҷгирии дубораи рӯйкардҳои голлистӣ аз диди бисёре аз нозирон вокунише ба миллатгароии трампӣ аст, ки бо якҷонибагароии вай даромехта ва истиқлоли Аврупо ва чандҷонибагароии байналмилалиро таҳдид мекунад.

Дар ҳамин иртибот бисёре таҳаввулоти аврупоиро низ дар шаклгирии ҳумовардиҳои кунунӣ миёни Порис ва Вашингтон дахил медонанд. Тайи солҳои гузашта ҳузури Анкела Меркел, садри аъзами Олмон дар қудрат сабаб шуд то нақши вай ба унвони раҳбари Аврупо мавриди пазириш ва ҳатто эътимоди давлатҳои дигари аврупоӣ қарор гирад. Бурузи буҳрони иқтисодии Аврупо, ки дар соли 2008 ба авҷ расид ва табаоти он барои Фаронса сабаб шуд то Олмон нақше барҷастатарро дар ҳидояти иқтисодӣ ва сиёсии Аврупо биёбад.

Тазъифи мавқеияти Ҳизби демократи масеҳӣ дар интихоботи ахири Олмон боис шуд то Меркел авоили моҳи ҷорӣ эълом дорад, ки барои раҳбарии ҳизб номзад нахоҳад шуд ва пас аз поёни давраи садриаъзамӣ, яъне соли 2021 аз сиёсат канор хоҳад кашид. Дар шароити кунунӣ, ки Англия дар гирудори хуруҷ аз Иттиҳоди Аврупо буда ва чашмандози поёни давраи зимомдории раҳбарии муқтадир дар Олмон падидор шуда, Фаронса худро бо масъулиятҳои тоза мувоҷеҳ мебинад.

 Дар ҷараёни ихтилофоти Аврупо ва Амрико низ дар қиёс бо тамосҳои телефонии Меркел ва Трамп барои баҳс бар сари нуқоти ихтилофбарангез, Макрон ба шакле ошкоро ва айнитар вориди арсаи чоназанӣ бо Трамп шуд.

Ин дар ҳоле буд, ки бисёре аз нозирон нахустин дидори Макрон бо Трамп дар урдибиҳиштмоҳи порсолро бисёр дӯстона ва фаротар аз урфи дипломатӣ тавсиф карданд. Бо нигоҳи калон ба сиёсатҳои Фаронса дар шароити кунунӣ бархе мегӯянд, шояд Макрон қасд дорад то ҳидояти либерал - демократҳои ғарбӣ барои мувоҷеҳа бо сиёсатҳои худсронаи раисҷумҳури Амрикоро барӯҳда гирад. Аз ин рӯ аст, ки фаротар аз фишор додани ангуштони Трамп дар мусофаҳа (даст додан) бо ӯ, ошкоро бар натсионализми трампӣ метозад.

Бо ин ҳол мушаххас аст, ки Макрон қасд надорад то ба сурати мустақим бо Вашингтон вориди мувоҷеҳа шавад. Аз ҳамин рӯ аст, ки идеяҳое чун артиши воҳиди Аврупо бо ҷалби ҳимояти дигар давлатҳои иттиҳодия маркази таваҷҷуҳи раҳбарони Порис қарор мегирад то Фаронса на ба танҳоӣ, балки дар доира ва ҳастаи як ҷиноҳбандии байналмилалӣ аҳдофи худро дар ҳамовардӣ бо Вашингтон таъқиб кунад.