Ноябр 21, 2018 16:43 Asia/Dushanbe
  • Радди дахолати гурӯҳи Толибон дар инфиҷори Кобул

Сухангӯи гурӯҳи Толибон ҳаргуна дахолати ин гурӯҳро дар инфиҷори террористии Кобул рад кард.

Ба гузориши Associated Press, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, гурӯҳи Толибон ҳаргуна ҳамла ба ғайри низомиён ва рӯҳониёни мазҳабии афғонро маҳкӯм мекунад.

Асри рӯзи сешанбе (20 ноябр) бар асари инфиҷори террористӣ дар меҳмонхонаи “Уранус”-и Кобул ҳангоми баргузории ҳамоиши гиромидошти милоди Расули Акрам (с) беш аз 50 нафар кушта ва беш аз 70 нафари дигар захмӣ шуданд.

Токунун фард ё гурӯҳе масъӯляти ин инфиҷорро бар ӯҳдаи нагирифта, аммо масъӯляти ҳамалоти террористии монандро борҳои гурӯҳи террористии ДИИШ бар ӯҳда гирифтааст.

Дар ҳамин замина бархе хабаргузориҳо эълом карданд, Муллои Абдусалом Заъиф аз саркардаҳои гурӯҳи Толибон дар ин инфиҷори террористӣ кушта шуда, аммо радиои паштӯ бурӯн марзии Эрон ба нақл аз манобеи наздик ба Мулло Абдусалом Заъиф эълом карданд, ки вай дар ин инфиҷор кушта нашудааст.

 

Барчасп