Панҷ кушта дар ҳамла бо худрав ба донишомӯзон дар Чин
(last modified Thu, 22 Nov 2018 13:56:10 GMT )
Ноябр 22, 2018 18:56 Asia/Dushanbe
  • Панҷ кушта дар ҳамла бо худрав ба донишомӯзон дар Чин

Телевизиони Чин гузориш дод, як ронанда бо ҳамла ба донишомӯзони як мактаб дар шимоли шарқи Чин, панҷ тан аз ононро кушт ва 18 тани дигарро ҳам захмӣ кард.

Ба гузориши ИРНА, ин ҳодиса ҳудуди зӯҳри рӯзи (панҷшанбе) ба вақти маҳаллӣ муқобили як мактаб дар шаҳри Ҳулудоу дар устони Лиоунинг рӯй дод.

Видеое аз ин ҳодиса дар шабакаи иҷтимоии "Вичат" дар Чин мунташир шудааст, ки нишон медиҳад, ронандаи ин худрав дар масири мухолифи ҳаракати худравҳо дар ин хиёбон, барқасдона мошини худро ба гурӯҳе аз донишомӯзон, ки дар ҳоли убур дар муқобили мактаб ҳастанд мекубад.

Пулиси Чин эълом кардааст, ронандаи худравро боздошт карда, аммо ангезаи ронанда аз даст задан ба ин ҷиноят ҳанӯз мушаххас нест ва ба ҳамин далел, таҳқиқот дар ин замина оғоз шудааст.

Гузориши пулис меафзояд, кӯдакони захмӣ ба марокизи дармонӣ мунтақил шудаанд, аммо ба далели суръати болои худрав ва шиддати тасодуф, эҳтимоли афзоиши кушта шудагон вуҷуд дорад.