Раиси Шӯрои уламои Кобул террор шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i39719-Раиси_Шӯрои_уламои_Кобул_террор_шуд
Мавлавӣ Абдулбасир Ҳақонӣ, раиси Шӯрои уламои Кобул имрӯз дар ноҳияи ҳафтуми шаҳри Кобл аз сӯи афроди ношинос террор шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 24, 2018 15:07 Asia/Dushanbe
  • Раиси Шӯрои уламои Кобул террор шуд

Мавлавӣ Абдулбасир Ҳақонӣ, раиси Шӯрои уламои Кобул имрӯз дар ноҳияи ҳафтуми шаҳри Кобл аз сӯи афроди ношинос террор шуд.

Ба гузориши ИРНА, Мавлавӣ Ҳаққонӣ, баъд аз зӯҳри имрӯз дар майдони Чиҳилсутун дар ҳавзаи ҳафтуми амниятии шаҳри Кобул террор шудааст.

Садиқӣ, муовини Шӯрои уламои Кобул ин рӯйдодро таъйид кардааст.

Чигунагӣ ва ангезаи террори раиси Шӯрои уламои Кобул ҳанӯз мушаххас нест.

Ҳамчунин токунун шахс ва ё гурӯҳе масъулияти ин рӯйдодро ба ӯҳда нагирифтааст.