Дуввумин рӯзи даргирии мӯътаризон бо нирӯҳои амниятӣ дар Кобул
(last modified 2018-11-26T12:35:57+00:00 )
Ноябр 26, 2018 17:35 Asia/Dushanbe
  • Дуввумин рӯзи даргирии мӯътаризон бо нирӯҳои амниятӣ дар Кобул

Тазоҳуркунандагон дар дувумин рӯзи эътироз ба боздошти фармондеҳи нирӯҳои хезиши мардумӣ бо нирӯҳои амниятии афғон дар Кобул, даргир шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, ин даргириҳо ба сурати пароканда дар манотиқи ғарби Кобул, аз ҷумла ҷодаи Шаҳид Мазорӣ оғоз шуд ва то лаҳзаи интишори хабар низ садои тирандозӣ ба гӯш мерасид.

Тазоҳуроти мардуми ғарби Кобул дар эътироз ба боздошти Алипур, фармондеҳи Нирӯҳои хезиши мардумӣ дар манотиқи марказии Афғонистон аз зӯҳри дирӯз оғоз шудааст.

Токунун даҳҳо нафар аз ҷумла 20 пулис дар ин даргириҳо захмӣ шудаанд.

Алипур, ки таҳти пайгарди давлати Афғонистон буд, рӯзи якшанбе дар ғарби Кобул боздошт шуд.

Сарвар Дониш, муовини дуввуми раисиҷумҳури Афғонистон бо интишори баёнияе эълом кард, музокира барои озодии Алипур идома дорад ва ин мавзӯъ ҳал хоҳад шуд.

Алипур аз қавми ҳазораи Афғонистон аст ва аз маҳбубияти зиёде миёни ҳазораҳо бархӯрдор аст.