Декабр 01, 2018 17:39 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисони ҷумҳурии Чин ва Русия бар густариши равобити дуҷониба

Раисони ҷумҳурии Чин ва Русия дар ҳошияи нишасти сарони “Гурӯҳи 20” дар Аргентина, бо якдигар дидор ва бар густариши равобити дуҷониба таъкид карданд.

Си Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин дар дидори Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар ҳошияи сездаҳумин иҷлоси сарони “Гурӯҳи 20” дар Аргентина гуфт, густариши равобити ду кишвар дорои чашмандози васеъ аст ва бояд ҳамкориҳоро дар абъоди иқтисодӣ, тиҷорӣ, молӣ, энержӣ, илмӣ ва фанноварӣ густариш диҳанд.

Путин низ дар ин дидор, ҳифз ва наздиктар кардани мубодилот байни Чин ва Русияро муҳим донист ва гуфт, ду кишвар бояд барои ҳифзи сулҳ, субот ва эҷоди иқтисоди бози ҷаҳонӣ талош кунанд. Таъкиди раҳбарони Маскав ва Пекин барои таъмиқи беш аз пеши равобити ду ҷониба дар ҳама замина ва кӯмак ба пешбурди сулҳи ҷаҳонӣ бо чанд ҷонибагароӣ аз он ҷиҳат муҳим аст, ки Амрико дар ду соли ахир талошҳои густурдаеро барои ҷудо кардани Чин ва Русия аз ҳам ва шикаст доданашон пайгирӣ кардааст. Сиёсате, ки Вашингтон дар замони Ҷанги сард ва пеш аз фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ низ дар ҷудо кардани Чин аз Маскав ба кор гирифт. Дар ҳоли ҳозир низ давлати Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико пайкони ҳамалоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳатто низомии худро ба сӯи Чин нишона рафта ва дарсадад аст, бо эъмоли таърифаҳои тиҷорӣ зидди ин кишвар ва маҳдуд кардани ҳамкориҳои Пекин бо соири кишварҳо аз ҷумла Русия, Чинро беш аз пеш таҳти фишор қарор диҳад. Дар ин шароит, Русия низ, ки бо таҳримҳои Ғарб ба хотири масъалаи Украина ва Қрим рӯбарӯ шудааст, мекушад бо наздик шудани бештар ба Чин аз фишорҳои Амрико бар ин кишвар, барои ҷалби назари мақомоти Пекин барои сармоягузории бештар дар Русия ва эҷоди эътилоф барои таъсиргузорӣ дар таҳаввулоти байналмилалӣ истифода намояд.

Demitri Simes, коршиноси масоили байналмилалӣ мегӯяд: “Таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ва тамоюли давлати Амрико ба мунзавӣ ва муҷозот кардани Маскав метавонад, наздикии равобити Русия бо Чинро ташвиқ кунад. Дар воқеъ фурсатҳои Иёлоти муттаҳида барои истифода аз бархурд байни Маскав ва Пекин ба ҳаддиақал расидааст ва билъакс имконоти Русия ва Чин дар ҷиҳати ташрики талош барои муқобила бо фишорҳои Амрико шакли нузулӣ ба худ гирифтааст.”

Маскав ва Пекин бар чанд ҷонибагароӣ дар низоми байналмилал эътиқод доранд, ки нуқтаи муқобили сиёсатҳои Трамп аст. Тардиде нест чанд ҷонибагароӣ ниёзманди ҳимояти ҷамъӣ, бахусус кишварҳои бузург аз ҳуқуқи соири кишварҳо дар баробари зӯргӯиҳои як кишвари хосс аст. Барои таҳаққуқи ин шароит ҳузури қавитар ва муассиртари Чин ва Русия дар низоми байналмилал ва дифоъ аз ҳуқуқи соири кишварҳо ва бахусус муттаҳидинашон бисёр зарурӣ ва мавриди интизори ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Дар ғайри ин сурат, фишорҳои Амрико бар кишварҳо ва бетафовутии Чин ва Русия дар баробари мушкилоти ҷаҳонӣ, метавонад мавқеияти инҳоро дар саҳнаҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ тазъиф намояд. Агарчӣ Русия ахиран нишон додааст, ки барои сиёнат(нигаҳдорӣ) аз ҳуқуқи кишварҳо дар баробари Амрико омодагӣ дорад, аммо интизорот аз Чин, ки мекӯшад дар ояндаи наздик худро ба унвони қудрати бартари ҷаҳонӣ матраҳ кунад, бештар аст.

Alvaro Pira, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд: “Идомаи раванди сиёсатҳои иқтисодии Амрико аз ҷумла дар бахши ҳимоятгароӣ, бешак иқтисоди ҷаҳонро бо мушкил ва чолиш мувоҷиҳ хоҳад кард. Бинобар ин интизор ин аст, Чин бо қудрати бештаре дар арсаи ҷаҳонӣ зоҳир шавад.”

Дар ҳар ҳол, дидори раисони ҷумҳурии Чин ва Русия дар Аргентина нишон медиҳад, ки он ҳамчунон ба эҷоди чанд ҷонибагароӣ ва муқобила бо сиёсатҳои якҷонибагароёнаи Амрико умедворанд. Ҳар чанд шаклгирии чанд ҷонибагароӣ ниёзманди аз худгузаштагии бештари кишварҳои муҳим ва ҳимоятҳои ҷиддӣ аз тааҳҳудот ва паймонҳои байналмилалӣ аст, ки Пекин ва Маскав бояд дар ин масир пеш қадам шаванд.

 

Барчасп