Декабр 02, 2018 18:36 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати беш аз 340 фаластинӣ аз замони иқдоми Трамп алайҳи Қудси ишғолӣ

Маркази мутолеоти Қудс дар гузориши ҷадиде эълом кард: Аз замони иқдоми раисҷумҳури Амрико дар ба расмият шинохтани Қудси ишғолӣ ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ, 345 фаластинӣ дар нуқоти мухталифи арозии ишғолӣ ба шаҳодат расидаанд.  

Маркази мутолеоти Қудс бо ишора ба ташдиди ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ алайҳи шаҳрвандони фаластинӣ афзуд: Аз замони эъломи Қудси ишғолӣ ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ тавассути Доналд Трамп, саҳюнистҳо 345 нафар аз ҷумла 71 кӯдаки фаластиниро дар нуқоти мухталифи арозии ишғолӣ ба шаҳодат расондаанд.  

Дар 6 декабри 2017, раисҷумҳури Амрико Байтулмуқаддасро пойтахти режими саҳюнистӣ эълом кард, ки бо интиқоди бисёре аз шахсиятҳои байналмилалӣ аз ҷумла масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо мувоҷиҳ шуд.

 

Барчасп