Дидабони ҳуқуқи башар: Нозирони байналмилалӣ бояд дар Арабистон таҳқиқ кунанд
Созмони дидабони ҳуқуқи башар, ҳузури нозирони байналмилалӣ дар Арабистонро барои итминон аз саломати зиндониёни фаъоли ҳуқуқи башар, ба вижа занон дар ин кишвар, хостор шуд.
Ба гузориши шабакаи телевизиони Алҷазира, Дидабони ҳуқуқи башар ҳамчунин таъкид кард, Арабистон бояд ҳарчи сареътар таҳқиқоти қобили эътимодеро дар бораи шиканҷаи боздоштшудагон, ба вижа занони фаъоли ҳуқуқи башар анҷом диҳад ва афроди дахил дар онро муҳокима кунад.
Ин созмони байналмилалӣ тасреҳ кард, агар нозирони мустақил дар бораи саломати занони фаъоли ҳуқуқи башар мутмаин нашаванд, метавонад нишонаи ин бошад, ки мақомоти Саудӣ бо хушунати зиёд бо фаъолони ҳуқуқи башар рафтор мекунанд.
Гуфта мешавад, Дидабон ҳуқуқи башар гузорише дарёфт кардааст, ки нишон медиҳад, мақомоти Саудӣ чаҳорумин фаъоли ҳуқуқи башарро, ки як зан аст, шиканҷа кардаанд.
Дидабони ҳуқуқи башар ибрози нигаронӣ кардааст, ки шиканҷаи занони фаъоли ҳуқуқ башар дар Арабистон ҳамчунон идома дошта бошад.
Созмони афви байналмилал авохири ҳафтаи гузашта дар бораи идомаи саркӯби фаъолони сиёсӣ, рӯзноманигорон ва донишгоҳиён, ба вижа боздошт ва шиканҷаи барномарезишудаи занони фаъоли ҳуқуқи башар дар Арабистон, ибрози нигаронӣ кард.
Гузоришҳо ҳокӣ аст, баъзе занон дар Арабистон аз моҳи майи 2018 бидуни исботи иттиҳом дар зиндон ба сар мебаранд ва дар ин муддат бо шоки электрикӣ ё тозиёна шиканҷа шуда ва ҳатто мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтаанд.