Эҳтимоли бозхост ва зиндонӣ шудани Трамп
(last modified 2018-12-10T08:12:52+00:00 )
Декабр 10, 2018 13:12 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли бозхост ва зиндонӣ шудани Трамп

Намояндагони аршади демократи Маҷлиси намояндагони Амрико таъкид карданд, агар собит шавад Донлад Трамп дастури пардохти «ҳаққи сукут» ба заноне, ки бо вай робитаи ғайри ахлоқӣ доштаандро додааст, раисиҷумҳури Амрико, эҳтимолан бо истезоҳ(бозхост) ва зиндон мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Ба гузориши Порс Тудей, Adam Schiff, раиси ояндаи Кумитаи иттилоотии Маҷлиси намояндагони Амрико таъкид кард, ин эҳтимол бисёр зиёд вуҷуд дорад, ки Вазорати додгустарии Амрико рӯзе, ки Трамп Кохи Сафедро тарк мекунад, алайҳи вай эъломи ҷурм кунад.

Jerry Nadler, раиси ояндаи Кумитаи қазоии Маҷлиси намояндагони Амрико низ ҷузъиёти мавҷуд дар парвандаи Майкл Коэн, вакили пешини Трампро ба унвони мадраке аз қарор гирифтани Трамп “дар маркази як кулоҳбардории азим” тавсиф кард ва гуфт, ҷурмҳои дарҷ шуда, метавонанд ба истезоҳи раисиҷумҳури Амрико мунҷар шаванд.

Майкл Коэн 21 августи гузашта бо ҳузур дар додгоҳе дар Ню-Йорк эътироф кард, ба дастури раисиҷумҳури Амрико ба Stormy Daniels, бозигари филмҳои мустаҳҷан(қабеҳ, нописанд) ва Карен Макдугал, модели як нашрияи мустаҳҷан ҳаққи сукут додааст, то онҳо дар бораи равобити номшруашон(нораво) бо Трамп, ба расонаҳо чизе нагӯянд.

Коэн ҳамчунин таъкид кард, пардохти ҳаққи сукут ба Stormy Daniels ва Карен Макдугалро бо ҳадафи таъсир гузоштан бар натиҷаи интихоботи соли 2016 Амрико, анҷом додааст.

Трамп муддаӣ аст, аз пардохти ҳаққи сукут ба ин занон дар даврони интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, иттилое надоштааст.