Ақибнишинии Макрон дар баробари муътаризон
(last modified 2018-12-11T09:40:32+00:00 )
Декабр 11, 2018 14:40 Asia/Dushanbe
  • Ақибнишинии Макрон дар баробари муътаризон

Бо идомаи эътирозот дар Фаронса, саранҷом Эммануэл Макрон, раисҷумҳурии ин кишвар хостаҳои муътаризонро пазируфт ва аз анҷоми “иқдомоти қавӣ” барои посух ба фавриятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хабар дод.

Макрон ваъда дод, ки аз ҳамаи абзорҳо барои бозгардонидани оромиш ба кишвар истифода кунад. Дар ин росто вай суръат додани коҳиши молиёти коргарони камдаромад, лағви тарҳи афзоиши молиёт барои бознишастагон, афзоиши ҳаддиақали дастмузди моҳона то сад евро ва ҳазфи молиёт бар изофакорӣ аз аввали январро ба муътаризони фаронсавӣ ваъда дод.

Ақибнишинии Макрон ва ваъдаҳои раисҷумҳури Фаронса барои беҳбуди шароит дар ҳоле аст, ки муътаризон ба сиёсатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вай аз 17 ноябр бо ҳузури густурда дар хиёбонҳои Порис эътирозоти худро ба вежа дар мавзӯи афзоиши молиёт бар сӯхт эълом кардаанд.

Идомаи ин эътирозот дар ҳафтаҳои гузашта ба шаклгирии ҷунбиши зиддисармоядории “Ҷалиқаи зардҳо” мунҷар шудааст.

Тазоҳуроти ҳафтаҳои гузашта ба унвони яке аз густурдатарин иҷтимооти эътирозии даҳаҳои ахири Фаронса, ҳарчанд ба баҳонаи афзоиши молиёти сӯхт шакл гирифтааст, аммо решаи ин эътирозотро бояд дар талабҳои анбошташудаи иқтисодӣ ва сиёсии шаҳрвандони ин кишвар донист.

Фаронса солҳост бо мушкилоти иқтисодии бисёре, аз ҷумла афзоиши сатҳи бекорӣ, афзоиши сатҳи таваррум ва коҳиши рушди иқтисодӣ рӯбарӯ аст. Ин шароит сабаб шуда то бисёре аз фаронсавиён муътаризи сиёсати давлати Фаронса бошанд. Ба гунае, ки бархе аз коршиносон пирӯзии Макронро низ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар, ҳосили норизоияти мардуми ин кишвар аз коркарди аҳзоб ва давлатҳои пешин донистаанд.

Аз ин рӯ, Макрон аз замони оғози раёсати ҷумҳурии худ дар соли 2017, анҷоми ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоиро бо ҳадафи беҳбуди шароит дар Фаронса ваъда додааст. Бо ин ҳол, иқдомот ва барномаҳои вай на танҳо муассир воқеъ нашуда, балки шароити шаҳрвандони Фаронса, ба вижа ақшори камдаромад ва табақаи миёнаро сахттар кардааст.

Бисёре аз шаҳрвандони Фаронса акнун на танҳо мунтақиди сиёсатҳои иқтисодии Макрон ҳастанд, балки бархурди вай бо муътаризон ва шаҳрвандони ин кишвар низ онҳоро хашмгин кардааст.

Флур Сантистибан, коршиноси ҷунбишҳои иҷтимоӣ дар ин бора мегӯяд, Эммануэл Макрон аз мавзеи боло ба фаронсавиҳо нигоҳ мекунад ва ҳамин рафтор мунҷар ба бурузи навъе танаффур шудааст. Танаффуре, ки ҳоло табдил ба хашм шудааст.

Бисёре аз шаҳрвандони фаронсавӣ низ барномаҳо ва ислоҳоти Макронро дар хидмати манофеи ширкатҳо ва сарватмандон дониста ва ӯро раисҷумҳури сарватмандон медонанд.

Доминик Муизи, коршиноси сиёсӣ дар ин бора мегӯяд, ҷунбиши зиддисармоядорӣ дар Фаронса намоди шароити изтирорӣ ва ваҳдати мардуми Фаронса аст. Табақаи коргар ва миёна дар Фаронса эҳсоси сархӯрдагӣ мекунанд ва ба хашм омадаанд. Онҳо умедашон ба ояндаро аз даст додаанд ва Макронро раисҷумҳури сарватмандон мехонанд.

Агарчӣ Макрон ҳафтаҳо дар баробари садои муътаризон сукут ва бар пешбурди барномаҳои худ таъкид кард, аммо бо густурда шудани эътирозоти мардумӣ, саранҷом вай дар баробари хостаҳои мардум аз иҷрои барномаҳои худ ақибнишинӣ кард. Макрон бо эътироф ба ин ки хашм дар кишвараш амиқ ва қобили тавҷеҳ аст, тасмимоти пешинро бекор ва барномаҳои ҷадидеро эълом кард.

Агарчӣ Макрон рафъи мушкилот ва ояндаи беҳтареро барои Фаронса ваъда додааст, аммо ба назар намерасад ин ваъдаҳо воқеъгароёна ва корсоз бошад. Чунон ки яке аз муътаризон мегӯяд: ман фикр мекунам инқилобе дар роҳ аст, чун ин чизе, ки мардум мехостанд, нест.

 

Барчасп