Нашрияи “Тайм” - и Амрико: Хошуқҷи шахсияти соли 2018
Нашрияи амрикоии “Тайм” Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди арабистониро, ки дар консулгарии ин кишвар дар Истанбул ба қатл расид, дар канори шумори дигаре аз рӯзноманигорон ба унвони шахсияти соли 2018 интихоб кард.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, нашрияи амрикоии “Тайм” Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди арабистониро, ки дар консулгарии ин кишвар дар Истанбул ба қатл расид, дар канори шумори дигаре аз рӯзноманигорон ба унвони шахсияти соли 2018 интихоб кард.
“Тайм” бо унвони “нигаҳбонон ва ҷанг бо ҳақиқат” таъкид кард, террори Хошуқҷи дар дохили консулгарии Арабистон дар моҳи октябр нигоҳҳоро ба сӯйи моҳияти воқеии Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ ҷалб кард.
“Тайм” Муҳаммад бин Салмонро “шоҳзодаи хандон” тавсиф ва ҳамчунин ба набуди ахлоқ дар таъйини чорчӯби равобит байни Вашингтон ва Риёз ишора кард.
Ин нашрияи амрикоӣ дар канори Хошуқҷи, нашрияи “Capital Gazette” -ро, ки дар Онопулиси иёлати Мериланди Амрико мунташир мешавад ва Мария Ресса, рӯзноманигори филиппиниро, ки маъруф ба мухолифат бо диктатории раисҷумҳури ин кишвар аст, Ва Лон ва Киё Су О, ду рӯзноманигоре, ки барои онҳо дар Миёнмор ба иллати гузоришҳои марбут ба қатли дастаҷамъии мусулмонони Руҳингиё ҳукми зиндон содир шуд, ба унвони шахсияти сол интихоб кардааст.