Трамп: дар канори Бин Салмон меистам
(last modified 2018-12-12T09:45:59+00:00 )
Декабр 12, 2018 14:45 Asia/Dushanbe
  • Трамп: дар канори Бин Салмон меистам

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико сешанбешаб таъкид кард ба рағми интиқодоти шадиди байналмиллалӣ аз валиъаҳди Арабистон бар сари моҷарои қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, вай ҳамчунон аз Муҳаммад Бин Салмон ҳимоят мекунад.

Доналд Трамп афзуд: Амрико "шарик"-и Арабистон боқӣ хоҳад монд ҳатто агар валиъаҳди саъудӣ аз тарроҳии қатли "Хошуқҷӣ" мутталиъ буда бошад.

Трамп дар ин баёния ҳамчунин тиҷорати таслиҳотии Риёз бо Вашингтонро сутуда ва таъкид кард Амрико фуруши силоҳ ба Арабистонро идома медиҳад.

Давлати Амрико токунун аз маҳкумияти Риёз дар парвандаи қатли Хошуқҷӣ худдорӣ кардааст, то аз қарордодҳои низомии ҳангуфти худ бо Риёз ҳифз кунад.

Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди режими саъудӣ, сешанбе 2 октябр пас аз вуруд ба консулгарии Арабистон дар Истамбули Туркия нопадид шуд.

Режими саъудӣ ҷумъа 19 октябр, баъд аз 18 рӯз сукут ва такзиби саранҷом таҳти фишорҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ таъид кард, Хошуқҷӣ дар консулгарии ин кишвар ба қатл расидааст.