Декабр 13, 2018 12:18 Asia/Dushanbe
  • Оғози бозшумории муҷаддади орои интихоботи парлумонӣ дар Кобул

Комиссияи интихоботи Афғонистон эълом кард, ки бар асоси механизми ҷадид, раванди бозшумории орои интихоботи парлумонии Кобул дубора оғоз шудааст.  

Як ҳафта пеш комиссияи расидагӣ ба шикоятҳои интихоботи Афғонистон интихоботи парлумонӣ дар вилояти Кобулро ба далели тақаллубҳо ва ҷароими интихоботии густарда ботил эълом карда буд.

Ҳоло як ҳафта баъд аз ин тавофуқ, Содот, муовини сухангуи Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон гуфт, 12 декабр Комиссияи интихобот эълом кард, ки бар асоси механизми ҷадид, раванди бозшумории орои интихоботи парлумонии Кобул дубора оғоз шудааст.  

Абдулазиз Иброҳимӣ, сухангуи ин Комиссия гуфт, ки бар асоси механизми ҷадид, қарор шуда, ки тимҳои кории тафтиш ва бозшумории орои интихоботи Кобул аз 200 нафар ба 110 нафар коҳиш ёбад ва шумори аъзои гурӯҳҳои нозири интихоботӣ аз ду нафар ба панҷ нафар афзоиш ёбад.

Қарор шудааст, ки Комиссияи интихобот рӯзона иттилоот дар бораи мушаххасоти биометрӣ, феҳристи раъйдиҳандагон ва форми натоиҷро дар дастраси Комиссияи расидагӣ ба шакоёти интихоботӣ қарор диҳад.