Марги Ҷоклини кӯчак: Аломати саволе дар баробари сиёсатҳои Трамп
Марги духтари ҳафт солаи муҳоҷир дар Амрико, идомаи сиёсати зидди муҳоҷиратии Трампро дар ин кишвар ба шиддат зери савол бурда аст.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, парвандаи марги Ҷоклин Кэл, духтари ҳафти солаи муҳоҷири аҳли Гватемала саволотеро дар бораи равияи пулиси марзии Амрико ва сиёсати давлати Трамп дар ба таъхир андохтани вуруди муҳоҷирон дар гузаргоҳҳои қонунӣ матраҳ кардааст.
Тибқи эъломи мақомоти амрикоӣ дар рӯзи ҷумъа, духтари ҳафт солаи Гватемала, ки дар боздошти дафтари муҳофизати марзӣ ва гумрукоти Амрико (CBP) қарор доштааст, пас аз 1.5 соат мунтазир мондан барои дарёфти хадамоти ёрии пизишкӣ ҷон супурд.
Ҷоклин Кэл мехост ба ҳамроҳ хонавода ва беш аз 160 муҳоҷири дигар ба таври ғайриқонунӣ аз марзи Ню-Мексико вориди Амрико шавад ва ба ҳамин далел ба ҳамроҳи падараш боздошт шуд.
Қабл аз ин ки ин гурӯҳ аз муҳоҷирон бо автобус ба як истгоҳи марзӣ мунтақил шаванд, падари Ҷоклин эълом мекунад, ки духтараш бемор аст ва ҳолати таҳаввуъ дорад ва пас аз гузашти 1.5 соат аз расидани онҳо ба истгоҳи марзӣ, нафс кашидани ӯ мутаваққиф мешавад.
Мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, дар маҳалли боздошти онҳо, ки минтақае дурафтода буд, кормандони пизишкӣ ҳузур надоштааст, аз ин рӯ, Ҷоклин ба бемористоне дар Техас мунтақил шуд.
Чанде баъд вай дар ҳоле, ки ба ҳамроҳи падараш боздошт буд ба далели ҳамлаи қалбӣ ҷон супурд.
Дар ҳоле, ки дар лаҳзаи марг оби бадани Ҷоклин ба шиддат кам шуда буд, мақомоти амрикоӣ муддаӣ шудаанд, ба муҳоҷирон об дода шуда буд.
Намояндагони демократи Маҷлиси намояндагони Амрико аз бозраси кулли муваққати ин кишвар дархост кардаанд, то дар ин замина таҳқиқотеро оғоз кунад.