Эътисоби умумӣ дар Кашмир
Декабр 16, 2018 18:21 Asia/Dushanbe
Мардуми Кашмир дар вокуниш ба идомаи ҳамалоти маргбори низомиёни ҳиндӣ ба сокинони ин минтақа, эътисоб карданд.
Дар паи эътисоби рӯзи якшанбеи мардуми Кашмири таҳти контроли Ҳинд, ҳамаи марокизи идорӣ, тиҷорӣ, омӯзишӣ ва бозори ин минтақа таътил шуд.
Дар ҳамалоти шанбеи низомиёни ҳиндӣ ба мардуми Кашмир дар минтақаи Пулвама, 10 нафар кушта ва ҳудуди 30 нафар низ захмӣ шуданд.
Давлати Ҳинд барои мамониат аз интишори ахбори минтақаи Кашмир, сервиси интернетро дар кулли манотиқи ҷанубии Кашмир қатъ кардааст.
Барчасп