Декабр 20, 2018 13:10 Asia/Dushanbe
  • Амрико 18 фард ва 4 ширкати русиро таҳрим кард

Вазорати хазонадории Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар идомаи иқдомоти хасмонаи Вашингтон алайҳи Маскав, 18 фард ва 4 ширкати русиро таҳрим кард.

Вазорати хазонадории Амрико ин 18 фард ва 4 ширкати русиро ба иттиҳоми дахолати иддаоии Русия дар интихоботи раёсатҷумҳурии 2016 Амрико таҳрим кардааст.

Вашингтон пештар низ борҳо ашхос ва ширкатҳои русиро ба баҳонаҳои мухталиф аз ҷумла дахолати иддаоии Русия дар интихоботи раёсатҷумҳурии 2016 Амрико таҳрим карда буд.  

Амрико аз 2012 эъмоли таҳримҳо алайҳи Русияро дар чорчуби “Қонуни Магнитский” оғоз кард.  

Амрико аз 2014 низ бо тарҳи иттиҳоми дахолати Русия дар даргириҳои шарқи Украина ва кумак ба мухолифони давлати ин кишвар, маҷмуае аз таҳримҳои иқтисодӣ ва молии зидди русиро вазъ карда, ки вокуниши мутақобили Маскавро дар пай доштааст.