Хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон барои афғонҳо беаҳамият аст
(last modified Fri, 21 Dec 2018 15:29:37 GMT )
Декабр 21, 2018 20:29 Asia/Dushanbe
  • Хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон барои афғонҳо беаҳамият аст

Сухангӯи раёсати ҷумҳурии Афғонистон гуфт: Тасмими Вашингтон барои хуруҷи бахше аз низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон бар амнияти ин кишвар таъсире надорад.

Ба гузориши ИРНА, Ҳорун Чахонсурӣ, рӯзи ҷумъа дар бораи тасмими ахири мақомоти Кохи Сафед барои коҳиши низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон афзуд: Дар чаҳор соли гузашта масъулияти таъмини амнияти Афғонистон бар уҳдаи неруҳои амниятӣ ва дифоии Афғонистон будааст ва низомиёни хориҷӣ дар ин замина нақше надоштаанд.

Сухангӯи раёсати ҷумҳурии Афғонистон таъкид кард: Нигарониҳое вуҷуд дошт, ки бо хуруҷи низомии Амрико аз Афғонистон ин кишвар суқут мекунад, аммо неруҳои мусаллаҳи афғон бо амалкарди худ нишон доданд, ки ин таҳлиле нодуруст аст.

Чахонсурӣ гуфт: Мардум ва давлати Афғонистон мехоҳанд, ки неруҳои мусаллаҳи ин кишвар бидуни кумаки низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон дифоъ кунанд.

Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико дар дастуре тоза аз мақомоти низомии ин кишвар хостааст, то раванди хуруҷи ниме аз низомиёни амрикоии мустақар дар Афғонистонро дар моҳҳои оянда оғоз кунанд.