Трамп: Чи бад, ки ночорам махфиёна ба Ховари Миёна сафар кунам
https://parstoday.ir/tg/news/world-i40495
Раисҷумҳури Амрико гуфт, хеле ғамангез аст, ки ночор бошӣ дар хафо ба Ховари Миёна сафар кунӣ ва ҳар коре анҷом диҳӣ, то солим ба мақсад бирасӣ.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 27, 2018 13:41 Asia/Dushanbe
  • Трамп: Чи бад, ки ночорам махфиёна ба Ховари Миёна сафар кунам

Раисҷумҳури Амрико гуфт, хеле ғамангез аст, ки ночор бошӣ дар хафо ба Ховари Миёна сафар кунӣ ва ҳар коре анҷом диҳӣ, то солим ба мақсад бирасӣ.

Трамп, ки шабона бо ҳавопаймои чароғи хомуш Ироқро тарк кард гуфт, пештар низ дубор қарор буда ба Ироқ сафар кунад, аммо ба хотири дарзи хабари он, барномаи сафараш лағв шудааст.

Вай гуфтааст: Хеле ғамангез аст, ки ҳафт тариллион доллар дар Ховари Миёна ҳазина кунӣ, аммо барои рафтан ба онҷо ночор бошӣ сафартро то ин ҳад фавқулода махфиёна нигаҳ дорӣ ва ҳавопаймоҳои (экскорт) ва бузургтарин таҷҳизоти ҷаҳон атрофат бошанд ва ҳар коре бикунӣ, то солим ба мақсад бирасӣ.  

Трамп эътироф кард, ки дар сафар ба Ироқ нигарон будааст, аммо гуфт, ки вай нигарони Мелания, ҳамсараш ва раисҷумҳури Амрико ба унвони шахсияти ҳуқуқӣ буда ва нигарони шахси худаш набудааст.

Сафари ногаҳонии Трамп ва ҳамсараш чаҳоршанбе ба пойгоҳи низомии Айналасад дар устони Аланбори Ироқ бо мавҷе аз маҳкумият ва интиқодоти густардаи аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ ва низ нерӯҳои муқовимати ин кишвар рӯ ба рӯ шуд.

Ироқиҳо ин сафарро хориҷ аз урфи дипломатӣ ва нақзи ошкори ҳокимияти миллӣ ва истиқлоли кишварашон дониста ва хостори вокуниши ҷиддии давлат шудаанд.