Декабр 29, 2018 16:40 Asia/Dushanbe
  • Тадобири ҷадиди Иттиҳодияи Аврупо барои муқобила бо таҳдидоти террористӣ

Афзоиши иқдомоти террористӣ дар Аврупо дар чанд соли гузашта, ки натиҷаи мустақими ҳимояти бархе давлатҳои аврупоӣ аз терроризми такфирӣ ба вижа гурӯҳи террористии ДИИШ будааст, Иттиҳодияи Аврупоро ночор ба иттихози тадобири ҷадиде ба манзури коҳиши таҳдидоти террористӣ кардааст.

Ғарбиҳо аз ҷумла бархе давлатҳои аврупоӣ монанди Фаронса ва Британия ва муттаҳидони араби онҳо пас аз вуқуи буҳрони Сурия дар 2011 барои пешбурди манофеъ ва расидан ба аҳдофи мадди назари худ, ба ҷои муқобила бо терроризми ифротгаро ба ҳимоят аз ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ пардохтанд.  

Фредрик Поисон, коршиноси Ховари Миёна муътақид аст, ки Фаронса дар канори Амрико масъулияти зуҳури ДИИШ-ро бар уҳда дорад.

Акнун аврупоиҳо шоҳиди натиҷаи иқдомоти худ дар ҳимоят аз терроризм ҳастанд.

Дар айни ҳол, аврупоиҳо дар паи чораҷуӣ барои муқобила ва хунсо кардани таҳдидоти террористӣ ҳастанд.

Комиссияи Аврупо илзомоти ҷадидеро барои муқобила бо терроризм дар назар гирифтааст.

Ин ниҳод эълом кард, кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо аз 28 декабр бояд дар системаи иттилоотии Шенген дар бораи мазнунини террористӣ гузоришотеро ироа диҳанд.

Ба гуфтаи Димитрис Аврамопулос, комиссари умури дохилии Иттиҳодияи Аврупо: Аз ин пас ҳеҷ як аз афроде, ки таҳдид талаққӣ мешаванд, бидуни ҷалби таваҷҷуҳ набояд аз марз убур кунанд.  

Ба гуфтаи Ҷулиан Кинг, комиссари умури амниятии Иттиҳодияи Аврупо: Илзомоти ҷадид бахше аз талошҳои куллӣ дар ростои афзоиши табодули иттилоот ва ҳамкории бисёр муассир миёни системаҳои иттилоотии аврупоӣ аст.  

Ба назар мерасад, ҷаҳон ва ба хусус Аврупо то солҳои мутаволӣ бо падидаи хатарноки терроризми такфирӣ, ки мазҳари он ДИИШ аст, ҳамчунон даргир хоҳад буд.

Дар ҳоле, ки ғарбиҳо ба далели меъёрҳои дугона дар қиболи терроризм ва ҳимоят аз ДИИШ, муқассири аслии вазъияти мухотираомези кунунӣ ҳастанд.

 

 

Барчасп