Марги кӯдаки дусолаи яманӣ дар Амрико дар пайи сиёсатҳои зиддимуҳоҷиратии Трамп
(last modified Sun, 30 Dec 2018 09:08:41 GMT )
Декабр 30, 2018 14:08 Asia/Dushanbe
  • Марги кӯдаки дусолаи яманӣ дар Амрико дар пайи сиёсатҳои зиддимуҳоҷиратии Трамп

Як кӯдаки дусолаи Яманӣ, ки давлати Амрико то муддатҳо ба модараш иҷозаи вуруд ба ин кишварро намедод, саранҷом дар яке аз бемористонҳои Амрико ҷон бохт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, хабаргузории Ассошиэйтедпресс ғуруби шанбе навишт: Модари Абдуллоҳ Ҳасан кӯдаки 2-солаи яманӣ пештар аз давлати Амрико бобати монеътарошӣ дар дарёфти муҷаввизи вуруд ба ин кишвар шикоят карда буд.

Вай дар пайи сахтгириҳои идораи муҳоҷирати Амрико ба дунболи дастурҳои Доналд Трамп раиси ҷумҳурии ин кишвар аз соли 2017 ба ин сӯ талош кард, то раводиди вуруд ба Амрикоро касб кунад, аммо ҳар бор бо мамониати дастгоҳҳои муҳоҷиратии ин кишвар мувоҷеҳ шуд.

Алӣ Ҳасан падари ин кӯдак, ӯро барои дармони ихтилоли мағзӣ ба бемористони кӯдакони «Бинёф» дар Окленд оварда буд ва ин кӯдаки Яманӣ дар бемористон бидуни ҳузури модараш, ки дар кашмакаши дарёфти раводиди вуруд ба Амрико буд, дар дастгоҳи муроқибатҳои вижа қарор гирифт.

Давлати Амрико саранҷом пас аз пайгириҳои фаровон ҳабдаҳуми декабр барои модари ин кӯдаки яманӣ муҷаввизи вуруд содир кард ва ӯ пас аз гузашти як сол ва дар ҳоле, ки танҳо чанд рӯзе бештар аз умри фарзандаш намонда буд, тавонист кӯдакашро бубинад.

Як вакили шӯрои мусулмонони Амрико бо интиқод аз рӯйкарди муҳоҷиратии Трамп гуфт: Ин хонавода бо шуҷоати худ миллати моро таҳрик карда то ба муқобила ба қонунҳои муҳоҷиратии зидди мусулмонон бархезад. Абдуллоҳ дар умри кӯтоҳи худ барои ҳамаи мо дар заминаи мубориза бо бегонаситезӣ ва ҷудосозии хонаводаҳо "нури ҳидоят" шуд.