Замони аввалин моҳгирифтагии соли ҷадиди милодӣ мушаххас шуд
Ситорашиносон тахмин задаанд, ки аввалин падидаи моҳгирифтагии соли 2019 дар моҳи январ рӯх хоҳад дод.
Ба гузориши ИСНА, замони вуқӯи ин падида, ки ба "абармоҳи хунин" маъруф аст, аз 20 то 21-уми январ хоҳад буд. Дар ин замон моҳ ба наздиктарин нуқтаи худ ба замин дар мадор мерасад ва дар осмон шаби бисёр торик ба назар хоҳад расид. Ин падида таркибе аз падидаи "абармоҳ" ва "моҳи хунин" ба шумор меояд ва охирин моҳгирифтагие хоҳад буд, ки то соли 2021 шоҳид мешавем. Ин моҳгирифтагӣ аз оғоз то поёни худ 3 соату 30 дақиқа ба тӯл меанҷомад. Тайи ин моҳгирифтагӣ моҳ дар сояи замин қарор хоҳад гирифт.
Муҳаққиқон тахмин задаанд, ки моҳгирифтагии баъдӣ дар таърихи 26-уми майи соли 2021 иттифоқ хоҳад афтод.
Моҳгирифтагӣ ё “моҳи хунин" дар бисёре аз нуқоти ҷаҳон қобили дидан хоҳад буд, ки аз миёни ин нуқот метавон ба Амрикои Шимолӣ, бахшҳое аз Аврупо ва Африқо ишора кард. Мардуми Ховари Миёна низ метавонанд ҳангоми ғуруби моҳ бахше аз моҳгирифтагиро бинанд. Албатта, ин падида дар Осиёи Шарқӣ ва Австралия қобили мушоҳида нахоҳад буд.