Барномаи ҷаҳонии ғизо барои мардуми Яман ғизои фосид харид
Раиси Кумитаи олии инқилоби Яман аз иқдоми барномаи ҷаҳонии ғизо ба хариди маводи ғизоии фосид барои миллати Яман парда бардошт.
Муҳаммадалӣ Алҳусӣ, раиси Кумитаи олии инқилоби Яман ба иддаои мудири иҷроии барномаи ҷаҳонии ғизо дар бораи тавзеи кумакҳои башардӯстона дар манотиқи мухталифи ин кишвар, вокуниш нишон дод.
Мудири иҷрои барномаи ҷаҳонии ғизо, пештар дар суханоне ҷунбиши Ансоруллоҳи Яманро муттаҳам карда буд, ки дар феҳристи дарёфткунандагони кумакҳои ғизоӣ дасткорӣ кардааст.
Вай таҳдид карда буд дар сурате, ки ин равия мутаваққиф нашавад, ҳамкорӣ бо Ансоруллоҳро қатъ мекунад.
Муҳаммадалӣ Алҳусӣ, раиси Кумитаи олии инқилоби Яман ин изҳоротро ба шиддат такзиб кард ва гуфт, давлати Яман ин ҳаққро дорад, ки барномаи ҷаҳонии ғизоро барои ин иддаоҳо, ба пои мизи муҳокима бикашонад.
Вай ҳамчунин гуфт, ки барномаи ҷаҳонии ғизо масъули ҳадар додани маболиғи ҳангфт барои хариди мизони зиёде ғизои фосид аст, ки қарор буд, вориди Яман шавад, аммо ҷумҳурии Яман бо ворид шудани он мухолифат кард, зеро ин маводи ғизоӣ барои масрафи инсонӣ муносиб набуд ва мадорики марбут ба ин масъала низ мавҷуд аст.
Раиси Кумитаи олии инқилоби Яман дар идома аз барномаи ҷаҳонии ғизо ва дигар созмонҳои имдодрасони ҷаҳонӣ хост, то далели ворид нашудани ҳатто як каштии имдодрсон ба Яман дар 2018 бо вуҷуди шуюи вабо ва дигар бемориҳои кушандаро тавзеҳ диҳанд.