Январ 02, 2019 18:14 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Кобул аз талошҳои Эрон барои барқарории сулҳ дар Афғонистон

Давлати ваҳдати миллии Афғонистон аз талошҳои Эрон барои барқарории сулҳ дар ин кишвар истиқбол кард.  

Фаридуни Хузун, муовини сухангуи раёсати иҷроӣ зимни истиқбол аз талошҳои Эрон дар раванди сулҳ дар Афғонистон аз тариқи музокира бо гурӯҳи Толибон, гуфт: Теҳрон барои осонсозии музокироти байни афғонӣ талош мекунад.

Вай афзуд: Эрон ҷузъиёти талошҳои худро дар раванди барқарори сулҳ ба давлати Афғонистон ироа додааст.

Ахиран ҳайъате аз Толибон ба Теҳрон сафар карда ва бо ҳайъати эронӣ ба раёсати Саидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон дидор ва музокира кард.  

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон 31 декабр эълом кард, бо иттилои давлати Кобул, ҳайъате аз Толибон якшанбе 30 декабр дар Теҳрон бо ҳайъати эронӣ ба раёсати Саидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии Вазорати хориҷаи Эрон музокира кард.

 

Барчасп