Ҳайъате аз Амрико бо мавзуи Гулен дар роҳи Туркия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i40666-Ҳайъате_аз_Амрико_бо_мавзуи_Гулен_дар_роҳи_Туркия
Ду мақоми туркияӣ эълом карданд: Ҳайъате аз Амрико барои баҳс дар бораи истирдоди эҳтимолии Фатҳуллоҳ Гулен, мухолифи давлати Туркия дар роҳи Анкара аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 03, 2019 09:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳайъате аз Амрико бо мавзуи Гулен дар роҳи Туркия

Ду мақоми туркияӣ эълом карданд: Ҳайъате аз Амрико барои баҳс дар бораи истирдоди эҳтимолии Фатҳуллоҳ Гулен, мухолифи давлати Туркия дар роҳи Анкара аст.

Ба нақл аз Порстудей, давлати Анкара, Фатҳуллоҳ Гуленро ба нақш доштан дар кудатои нофарҷоми 2016 муттаҳам карда ва аз инрӯ чанд бор аз Амрико хостори истирдоди ӯ шудааст.  

Амрикоиҳо ба вижа Доналд Трамп ноябри 2018 бо радди дархости Туркия гуфта буданд, дар ин бора иқдоме нахоҳанд кард.

Қарор аст, панҷшанбе ва ҷумъа ҳайъати амрикоӣ бо масъулони Туркия дар вазоратхонаҳои дохила, хориҷа ва додгустарӣ дидор ва гуфтугӯ кунад.

Манобеи хабарии турк гузориш доданд, меҳвари музокироти ҳайъати амрикоӣ дар Анкара баррасии иттиҳомоти зидди Гулен, мухолифи давлати Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия аст, ки дар чанд соли ахир дар Амрико зиндагӣ мекунад.