Январ 06, 2019 12:25 Asia/Dushanbe
  • Хуруҷи ҳудуди ду миллион фаронсавии ҷӯёи кор аз Фаронса

Оморҳои давлатӣ нишон медиҳад, ҳудуди 2 миллион фаронсавии ҷӯёи кор Фаронсаро тарк кардаанд.

Ба гузориши шабакаи Франс 24, оморҳои давлатӣ нишон медиҳад ҳудуди 2 миллион фаронсавии ҷӯёи кор, зодгоҳашонро тарк кардаанд ва Чехия ба мақсади аслии онҳо табдил шудааст.

Мутобиқи ин гузориш, шумори фаронсавиёне, ки ба Чехия мераванд аз се соли пеш беш аз 50 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ин гузориш нишон медиҳад, ҷавонони фаронсавӣ бо дастмузди бисёр поинтаре дар Чехия кор мекунанд.

Яке аз сабабҳои интихоби Чехия ба унвони мақсади аслии иқомати ҷавонони фаронсавӣ, ҳазинаи поинтари зиндагӣ дар ин кишвар дар муқоиса бо Фаронса аст.

Бар асос ин гузориш, Амрико, Швейтсария ва Канада низ дигар кишварҳои мақсади ҷавонони ҷӯёи кори фаронсавӣ аст.

Фаронса, аз 17 ноябри 2018 то кунун шоҳиди баргузории тазоҳуроти ҷунбиши зиддисармоядории мавсум ба "ҷалиқазардҳо" аст.

Сабаби аслии шаклгирии тазоҳуроти ҷалиқазардҳо, ҳазинаҳои болои зиндагӣ дар Фаронса аст.

 

Барчасп