Таъкиди аҳзоби сиёсии Афғонистон ба баргузории дубораи интихоботи парлумонӣ дар Кобул
(last modified Sun, 06 Jan 2019 10:39:34 GMT )
Январ 06, 2019 15:39 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди аҳзоби сиёсии Афғонистон ба баргузории дубораи интихоботи парлумонӣ дар Кобул

Шуморе аз намояндагони аҳзоби сиёсии Афғонистон бар баргузории дубораи интихоботи парлумонӣ дар вилояти Кобул таъкид карданд.

Ба гузориши рӯзи якшанбе хабаргузории Тасним, Сафурраҳмон Ҳабибӣ намояндаи Ҳизби исломӣ бо ишора ба инки тақаллуби густурда дар интихоботи парлумонии Кобул сурат гирифтааст, хостори ибтоли саросарии орои ин вилоят шуд.

Намояндаи Ҳизби исломӣ тасреҳ кард, барои тазмини шаффофият ва риояти асли адолат ва бетарафӣ бояд интихоботи парлумонӣ дар Кобул бори дигар баргузор шавад.

Басгул Содот намояндаи Ҳизби тавсиаи Афғонистон низ гуфт, аз байни 3 ҳазор баргаи натоиҷи интихоботӣ, ҳудуди 700 барга гум шуда ва комиссияи интихобот ба ҷойи баргаҳои гумшуда омори ғайривоқеӣ ироа кардааст.

Комиссияи шикоёти интихоботии Афғонистон пеш аз ин орои Кобулро ботил эълом карда буд, аммо бо дахолати Арги риёсати ҷумҳурӣ ҳозир шуд, то бо бозшумории оро мувофиқат кунад.