Трамп: Поёни бошукӯҳи ҷангҳои бепоён наздик аст!
Раисҷумҳури Амрико дар ҳисоби корбарии худ дар “Твиттер” навишт, ҷангҳои бепоён ва иштибоҳи ин кишвар саранҷом ба поён мерасанд.
Дар паёми твиттерии Трамп омадааст: «Ҷангҳои бепоён, бахусус дар он ҷангҳое, ки мо бар пояи қазоватҳои нодуруст ҷангидем ва аз он кишварҳои дорое, ки кумаки молию низомӣ мегирифтему ҳамин тариқ, онҳо бинобар он чӣ, ки мо анҷом медодем, бузургтарин манфиатро ба даст меоварданд, тадриҷан ва бо шукӯҳ ба поён мерасанд».
Гарчи Трамп ба ин "ҷангҳо", "қазоватҳои иштибоҳ" ва ё кишварҳое, ки аз талошҳои Амрико баҳра мебаранд, ба таври мустақим ишора накардааст, ин твити тоза дар пайи тасмими ахири ӯ барои хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия мунташир шудааст. Тасмими раисҷмҳури Амрико бо вокунишҳои густурдае рӯ ба рӯ шудааст. Ҷеймз Мэттис, вазири дифои Амрико пас аз ин тасмим ба шакли интиқодомезе аз мақоми худ канорагирӣ кард. Бо ин ҳол, Трамп Сурияро ба сарзамини «регу марг» ташбеҳ ва таъкид карда, нерӯҳои амрикоиро аз он хориҷ мекунад.
Вазири умури хориҷии Амрико ва мушовири амнияти миллии Трамп барои музокира бо муттаҳидони Вашингтон дар ғарби Осиё ҳузур дорад.