Мақоми рус: Ахбори расонаҳои Исроилро нахонед
Сухангуи раисҷумҳури Русия ба хабарнигорон тавсия кард, ахбори расонаҳои режими саҳюнистиро нахонанд.
Дмитрий Песков, сухангуи раисҷумҳури Русия ин изҳоротро дар вокуниш ба интишори гузоришҳое дар расонаҳои режими саҳюнистӣ матраҳ кард, ки Маскавро ба дахолат дар интихоботи ин режим муттаҳам мекард.
Песков гуфт, Маскав ҳаргиз дар ҳеҷ интихоботе мудохила накарда ва нахоҳад кард.
Созмони иттилоот ва амнияти дохилии режими саҳюнистӣ (ШАБАК) рӯзи душанбе эълом кард, як кишвари хориҷӣ қасди мудохила дар интихоботи парлумонии ин режим дар апрели 2019-ро дорад.
Ин созмон ҳеҷ ишорае ба номи кишвари хоссе накард, аммо рӯзномаи Ҳааретс дар гузорише бо ишора ба иттилооти як ширкати сайберии исроилӣ муддаӣ шуда буд, ки кишварҳои Чин, Эрон ва Русия бузургтарин таҳдиди сайберӣ дар интихоботи Исроил маҳсуб мешаванд.
Расонаҳои режими саҳюнистӣ дар ҳоле кишварҳои дигарро ба мудохила дар интихоботи худ муттаҳам мекунанд, ки ҳеҷ мадраке барои исботи иддаои худ ироа накардаанд.