Январ 14, 2019 11:08 Asia/Dushanbe
  • Ботил кардани орои қалбакӣ дар вилояти Ҳироти Афғонистон

Камиссиони шикоёти интихоботии Афғонистон аз ботил кардани беш аз 14 ҳазор раъйи қалбакӣ дар вилояти Ҳирот хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Ово, раиси камиссиони шикоятҳои интихоботи вилояти Ҳирот дирӯз дар нишасти хабарӣ ба расонаҳо гуфт: бо ботил шудани ин овозҳо, тағйироти чашмгире дар эъломи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи парлумонии ин вилоят ба вуҷуд хоҳад омад.

Фаришта Ҳишом афзуд: баъ аз эъломи натоиҷи ибтидоии интихоботи парлумонӣ, ҳудуди 216 шикоят ба ин ниҳод расид, ки баъд аз баррасӣ ҳудуди 14.461 раъй ботил гардид.

Вай таъкид кард: Орои баъзе аз касоне, ки ба ноҳақ ботил шуда буд дубора ба онҳо бозгардонда шуд.

Ин овозҳо дар ҳоле аз сӯи камиссиони шикоятҳои интихоботи Ҳирот ботил эълом шуд, ки беш аз 100 номзади интихоботи парлумон аз эъломи натоиҷи интихобот дар ин вилоят эътироз карда ва ин ниҳодро ба фасод ва тақаллуби густарда ба нафъи шахсони аз пеш таъин шуда, муттаҳам карданд.

Дар чанд рӯзи гузашта шаҳрҳои мухталифи вилояти Ҳирот дар ғарби Афғонистон дар эътироз ба тақаллуб дар натиҷаҳои овоздиҳии интихобот, шоҳиди тазоҳуроти густадра буд.

Интихоботи Афғонистон бистуми октябри гузашта баргузор шуд.