Ашраф Ғанӣ ва тавофуқи ниҳоӣ бо Ҳикматёр
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ - раиси ҷумҳурии Афғонистон аз наздик шудан ба тавофуқи ниҳоӣ бо Ҳизби исломии Ҳикматёр хабар дод ва ибрози умедворӣ кард, пешрафтҳои бадастомада, масири поён додан ба чанд даҳа кашмакашро дар Афғонистон осон кунад.
Музокирот бо Ҳизби исломии Ҳикматёр аз моҳи май, ки пешнависи тавофуқ имзо шуд, ҳамчунон идома дорад. Вай низ бо таъйиди пешрафт дар музокирот эълом кард, бархе ихтилофот дар даруни давлати ваҳдати миллӣ боис шудааст, то имзои тавофуқи ниҳоӣ бо таъхир рӯбарӯ шавад.
Бо ин ҳол, раиси ҷумҳурии Афғонистон аз Ҳизби исломӣ ва аз Шӯрои олии сулҳи ин кишвар барои талошашон дар дастёбӣ ба тавофуқи сулҳ аз роҳи музокира ташаккур кард ва гуфт, ин умедворӣ вуҷуд дорад, ки ба хости Худованд, тавофуқ ба зудӣ ниҳоӣ шавад ва мо шоҳиди қадаме бузург ба сӯи эҷоди муҳити сулҳ ва поёни ҷанг дар Афғонистон бошем.
Ҳамкорамон Юсуфӣ дар гузорише вижа ба ин мавзӯъ пардохтааст, ки дар идома мешунавед: