Вокуниши ҷомеаи расонаии Туркия ба боздошти хабарнигори Пресс ТВ дар Амрико
Ҷомеаи расонаии Туркия боздошти хонум Марзия Ҳошимӣ, муҷрӣ ва хабарнигори шабакаи англисизабони Пресс ТВ –и Ҷумҳурии Исломии Эронро дар Амрико маҳкум кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дастандаркорони расонаии Туркия бо маҳкум кардани дастгирӣ ва шиканҷаи хонум Марзия Ҳошимӣ аз сӯйи полиси ФБР (FBI) – и Амрико, озодии ҳарчӣ зудтари ин муҷрии мусалмони шабакаи англисизабони Пресс ТВ –и Ҷумҳурии Исломии Эронро хостор шуданд.
Хонум Ҳошимӣ, ки барои дидор бо хонаводаи худ ба Амрико рафта буд, дар фурудгоҳи Ст. Луис (St. louis) боздошт ва ба як боздоштгоҳи полиси федерали Амрико дар Вашингтон мунтақил шудааст.
Марзия Ҳошимӣ, хабарнигор, мустанадсоз ва гӯяндаи амрикоиасли шабакаи Пресс ТВ аст.
Вай бо номи Мелани Франклин дар иёлати Колорадои Амрико ба дунё омада ва дар риштаи расона фориғуттаҳсил шудааст.