Фарзанди Мартин Лютер Кинг: Падарамро бо Трамп муқоиса накунед
(last modified Tue, 22 Jan 2019 11:43:24 GMT )
Январ 22, 2019 16:43 Asia/Dushanbe
  • Фарзанди Мартин Лютер Кинг: Падарамро бо Трамп муқоиса накунед

Фарзанди аршади Мартин Лютер Кинг Ҷуниур, раҳбари ҷунбиши ҳуқуқи мадании амрикоиҳои африқоитабор, аз муовини раисҷумҳури Амрико ба хотири муқоисаи Доналд Трамп бо падараш интиқод кард.  

Мартин Лютер Кинги севум дар Нишасти солонаи як маркази мудофеи ҳуқуқи башар дар Вашингтон, ки ба муносибати рӯзи таваллуди падараш баргузор шуд, гуфт: Намедонам агар падарам мефаҳмид, бо Трамп муқоиса шудааст, чи фикре мекард.

Вай аз талошҳои Трамп барои сохти девор дар марзи байни Амрико ва Мексика интиқод кард ва афзуд: “Мартин Лютер Кинг пул месохт на девори марзӣ. Ӯ эҳтимолан аз ишқ мегуфт на аз нафрат. Ӯ азаматро ба Амрико боз мегардонад”.  

Мартин Лютер Кинг Ҷуниур, раҳбари ҷунбиши ҳуқуқи мадании амрикоиҳои африқоитабор, дар чаҳоруми апрели 1968 дар шаҳри Мемфиси иёлоти Теннесси дар 39 солагӣ ба дасти фарде ба номи Ҷеймс Эрл Рей террор шуд.  

Аз ӯ ба унвони мубориз бо табъизи нажодӣ дар Амрико ёд мешавад ва суханронии “Рӯъёе дорам”-и ӯ яке аз илҳомбахштарин суханрониҳои таърихи Амрико аст.

Мартин Лютер Кинг Ҷуниур дар 1963 марди соли маҷаллаи Тойм баргузида шуд ва дар 1964 ба унвони ҷавонтарин фард ҷоизаи сулҳи Нобелро дарёфт кард.

“Азаматро бори дигар ба Амрико боз мегардонем”, шиори интихоботии Трамп будааст.

Рӯзи якшанбеи гузашта Майк Пенс, дар яке аз барномаҳои шабакаи хабарии CBS ба муқоисаи раҳбари ҷунбиши ҳуқуқи мадании амрикоиҳои африқоитабор бо Трамп пардохт ва гуфт, Трамп низ ҳамчун Мартин Лютер Кинг, ки ҷомеаи Амрикоро ба шевае қонунӣ тағйир дод, аз аъзои Конгресс мехоҳад, дар мавзуи сохти девори марзӣ бо Мексика, бо ҳусни ният ба пои мизи музокира бо давлат биёянд.