Январ 28, 2019 10:51 Asia/Dushanbe
  • Амрико таҳрим алайҳи се ширкати русиро лағв кард

Амрико таҳримҳо зидди се ширкати русии муртабит бо як сармоядори Русияро лағв кард.

Ба гузориши ИРНА, тибқи эъломи Вазорати хазонадории Амрико таҳримҳо зидди ширкати бузурги алюминсозии “En+ Group Plc” ва “Jsc Eurosibenergo” ва “United Company Rusal Plc” лағв шудааст.

Ин се ширкат вобаста ба Олег Дрипаска, сармоядори рус аст.

Демократҳои Сенат ва ёздаҳ сенатори ҷумҳурихоҳ талош карданд, то монеъ аз лағви ин таҳримҳо шаванд.

Амрико дар вокуниш ба бархе иқдомоти Маскав, аз ҷумла илҳоқи Қррим ба Русия, иддаои дахолат дар интихоботи 2016 Амрико ва ҳимоят аз давлати Сурия, ин ширкатҳоро таҳрим карда буд.

 

Барчасп