Январ 29, 2019 09:33 Asia/Dushanbe
  • Ҳазинаи 11-миллиарддолларии таътили давлат дар Амрико

Таътили давлати федералии Амрико дар панҷ ҳафтаи гузашта 11 миллиард доллар барои иқтисоди ин кишвар ҳазина доштааст.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса аз Вашингтон, дар пайи коҳиши фаъолияти иқтисодии Амрико бо сабаби таътили давлати федералӣ бахши буҷаи Конгресс рӯзи душанбе бо интишори баёнияе эълом кард, ки ин таътил барои иқтисоди Амрико ёздаҳ миллиард доллар ҳазина дошта, ки ҳудуди се миллиард доллари он қобил баргашт нест. Бахши буҷаи Конгресси Амрико ҳамчунин эълом кард, илова бар осори сӯитаътилии давлат бар иқтисоди ин кишвар ин мавзӯъ таъсири номатлубе ҳам бар зиндагии маошхӯрон ва фаъолияти ширкатҳо доштааст.

Баъд аз гузашти як моҳи таътили давлат, ки 800 ҳазор кормандро шомил мешавад, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа аз тавофуқе барои поён додан ба таътили давлат хабар дод. Ӯ ҳамчунин аз таъмини молии бахшҳои мухталифи давлати федералӣ то рӯзи 15-уми феврал хабар дод. Бо ин ҳама Доналд Трамп таҳдид кард, ки аз ин таърих ба баъд дар сурате ки тавофуқе дар бораи мавзӯи эҳдоси девор дар марзи Мексика ҳосил нашавад, бори дигар давлати федералӣ таътил хоҳад шуд.

Раисҷумҳури Амрико хоҳони таъмини молии сохти ин девор аз буҷа аст, аммо демократҳо бо ин хостаи Трамп мухолифанд.