Фейсбук бо Вотсап ва Инстаграм идғом мешавад?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i41319-Фейсбук_бо_Вотсап_ва_Инстаграм_идғом_мешавад
Рӯзномаи Ню-Йорк Таймз навишт, Фейсбук қасд дорад, паёмрасони ин шабакаи иҷтимоиро бо Вотсап ва Инстаграм идғом кунад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 29, 2019 19:53 Asia/Dushanbe
  • Фейсбук бо Вотсап ва Инстаграм идғом мешавад?

Рӯзномаи Ню-Йорк Таймз навишт, Фейсбук қасд дорад, паёмрасони ин шабакаи иҷтимоиро бо Вотсап ва Инстаграм идғом кунад.

Ню-Йорк Таймз навишт, ин тарҳро Марк Зукерберг, мудиромили Фейсбук матраҳ кардааст ва барои иҷроӣ шудани он бояд нармафзори аслии ин се шабака бознависӣ шавад.

Дар сурати муваффақиятомез будани иҷрои ин тарҳ, барои мисол як корбари Вотсап метавонад барои корбари Инстаграм паём ирсол кунад.

Тарҳи Зукерберг аз ҳамакнун нигарониҳоеро падид овардааст.

Аз ҷумлаи коршиносоне, ки дар заминаи мубориза бо инҳисоргароӣ тахассус доранд, мегӯянд, якпорча шудани ин се нармафзор боис мешавад, агар рӯзе ба ҳукми қонун ва барои мубориза бо инҳисор тасмим ба ҷудоии Вотсап ва Инстаграм аз Фейсбук гирифта шавад, бисёр сахт битавон Фейсбукро ба пазириши он водор кард.