Берни Сандерс: Амрико бояд ба ҳимоят аз Арабистон поён диҳад
(last modified 2019-01-31T15:39:31+00:00 )
Январ 31, 2019 20:39 Asia/Dushanbe
  • Берни Сандерс: Амрико бояд ба ҳимоят аз Арабистон поён диҳад

Сенатори демократи Амрико тайи изҳороте гуфт: “Сазовор нест, ки Амрико аз ҷанги хунине, ки Арабистон дар Яман ба пеш мебарад, ҳимоят кунад”.

Берни Сандерс, сенатори иёлати Вермонти Амрико рӯзи чаҳоршанбе зимни интиқод аз Арабистони Саудӣ эълом кард, ҷанги эътилофи Саудӣ алайҳм Яман, бояд мутаваққиф ва ба ҷойс бомб, бояд кумакҳои инсонӣ ба ин кишвар дода шавад.

Сенаторм Сандерс тасреҳ кард, тарҳи таваққуфи ҳимояти Амрико аз ҷанги эътилофи Саудӣ алайҳи Яман бори дигар ба Сенат ироа мешавад.

Берни Сандерс афзуд, Арабистон бо бомбаборони шабакаи фозилоби Яман боиси паҳншавии вабо дар ин кишвар шуда ва сазовор нест, ки Амрико аз ҷанги эътилофи Саудӣ зидди Яман ҳимоят кунад.

Режими Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Таҷовузи низомии Арабистон, кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ рӯбарӯ карда ва ин ҷангафрӯзии арабистониҳо ва муттаҳидонаш токунун ба кушта, захмӣ ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

 

 

Барчасп