Шикояти мусалмонон аз ширкати маъруфи тавлидкунандаи кафш
https://parstoday.ir/tg/news/world-i41408-Шикояти_мусалмонон_аз_ширкати_маъруфи_тавлидкунандаи_кафш
Дар фазои интернет шикоятномаи дастаҷамъӣ алайҳи ширкати тавлидкунандаи маҳсулоти варзишии “Найк” дарҷ шуда, ки дар он гурӯҳе аз мусалмонон дархост кардаанд, бахше аз тавлидоти он ширкат мутаваққиф шавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 02, 2019 12:16 Asia/Dushanbe
  • Шикояти мусалмонон аз ширкати маъруфи тавлидкунандаи кафш

Дар фазои интернет шикоятномаи дастаҷамъӣ алайҳи ширкати тавлидкунандаи маҳсулоти варзишии “Найк” дарҷ шуда, ки дар он гурӯҳе аз мусалмонон дархост кардаанд, бахше аз тавлидоти он ширкат мутаваққиф шавад.

Ба гузориши Спутник, ба гуфтаи ин гурӯҳ аз мусалмонон, дар кафи кафшҳои тавлидшудаи ин ширкат навиштаҷоте вуҷуд дорад, ки калимаи “Аллоҳ” дар он ба вузуҳ дида ва хонда мешавад.

Ҳазорон мусалмон зери ин шикоятномаи интернетӣ имзо гузошта ва дархост кардаанд, тавлиди кафши Nike Air Max 270 мутаваққиф шавад.

Ба ақидаи ин афрод, истифода аз ин кафш беэҳтиромӣ ба мусалмонон аст.