Изҳороти Ашраф Ғанӣ дар бораи раванди сулҳ дар Афғонистон
Феврал 06, 2019 18:49 Asia/Dushanbe
Раисҷумҳури Афғонистон раванди музокироти сулҳи ин кишварро бо гурӯҳи Толибон рӯ ба пешрафт хонд.
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии Тулуъниюзи Афғонистон гуфт, ваъдаи Толибон барои қатъи иртибот бо гурӯҳи террористии Алқоида нишонаи пешрафт дар раванди сулҳ бо ин гурӯҳ аст, аммо ин ваъда бояд замонати иҷроӣ низ дошта бошад.
Вай афзуд, фурсат барои барқарори сулҳ дар ин кишвар нисбат ба ҳар замони дигаре бо Толибон фароҳам шудааст.
Барчасп