Озодии халабонҳои молдовӣ аз банди асорат дар Афғонистон
Феврал 12, 2019 12:26 Asia/Dushanbe
Ду халабон аз Ҷумҳурии Молдова аз асорати Толибон дар Афғонистон озод шуданд.
Ба гузориши телевизиони Молдова, ин хабарро Игор Додон, раисҷумҳури Молдова рӯзи гузашта дар як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Кишинёв, пойтахти ин кишвар эълом кард.
Ин ду халабон соли 2015 ба дунболи фуруди изтирории болгарди ҳомили онҳо дар шимоли Афғонистон тавассути аъзои гурӯҳ Толибон асир шуданд.
Игор Додон тасреҳ кард, озодии халабонҳо бо кумаки Русия имконпазир шудааст. Ба гуфтаи раисҷумҳури Молдова, халабонҳои молдовӣ дар бадтарин шароит дар чолае нигаҳдорӣ мешуданд.