Феврал 16, 2019 12:33 Asia/Dushanbe
  • Гутерреш: Исроил бояд маҳдудиятҳо алайҳи фаластиниёнро бекор кунад

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти режими саҳюнистӣ хост то маҳдудиятҳо алайҳи озодии ҳамлунақл ва нақли макони мардуми Фаластинро лағв ё бекор кунад.

Ба гузориши хабаргузории Анатолий, Антониу Гутерреш рӯзи ҷумъа дар нишасти Кумитаи СММ дар хусуси ҳуқуқи мардуми Фаластин гуфт: «Ман аз Исроил мехоҳам то маҳдудиятҳо бар озодии вуруду хуруҷи коло ва афродро лағв кунад, зеро ин маҳдудиятҳо талошҳои Созмони Милал ва дигар созмонҳои башардӯстонаро халалдор кардааст ва амалан нақше дар рафъи нигарониҳои амниятии Исроил ҳам надорад».

Гутерреш афзуд, ду миллион фаластинӣ ҳамчунон дар фақр ва бекории физоянда гирифтор ва аз дастрасӣ ба имконоти дармонӣ ва омӯзиши кофӣ, оби ошомиданӣ ва барқ маҳрум ҳастанд.

Дабири кулли СММ бо баёни ин ки ҷавонони фаластинӣ умеди андаке ба бархурдорӣ аз ояндае беҳтар доранд, хотирнишон кард, мардуми Фаластин беш аз ним қарн аст, ки дар шароити ишғол ба сар мебаранд ва аз ҳуқуқи қонунӣ барои таъйини сарнавишти худ маҳрум ҳастанд.

Дабири кулли СММ дар идома таъкид кард, идомаи шаҳраксозиҳои Исроил дар манотиқи ишғолии карона бохтарии рӯди Урдун тибқи меъёри ҳуқуқи байналмилал иқдоме ғайриқонунӣ аст ва муҷиботи дастдарозӣ ва таҷовуз ба заминҳои бештари минтақаро фароҳам месозад.

Режими саҳюнистӣ бо шаҳраксозӣ ва тавсеаи ин шаҳракҳо дар манотиқи сукунати фаластиниҳо дар садади тағйири бофти ҷамъиятӣ ва сохтори ҷуғрофиёии ин манотиқ ба нафъи саҳюнистҳо аст то ба гумони худ ишғолгариашро дар манотиқи фаластинӣ тасбит кунад.

 

Барчасп