Феврал 16, 2019 19:07 Asia/Dushanbe
  • Густариши нуфузи фарҳангии Чин ба моҳ

Панҷ макони ҷадид дар кураи моҳ ба номи чиниҳо номгузорӣ шуд.

Ба гузориши ИРНА, бо номгузории панҷ макони ҷадид дар курраи моҳ ба номи чиниҳо, шумори маконҳое, ки дар ин кура номи чинӣ дорад ба 12 маврид афзоиш ёфт.

Идораи миллии ҳаво ва фазоии Чин рӯз шанбе эълом кард, Фарҳангистони улуми Чин ва Комиссияи байналмилалии нуҷуми ин кишвар рӯзи гузашта (ҷумъа) 5 нуқтаи кураи моҳро, ки ковишгар “Chung Ae 4” дар он фуруд омада буд, номгузорӣ карданд.

Ин маконҳои пойгоҳи «Тян Хэ», «Ҷей Ню», «Ҳа гӯ», «Тян ҷин» ва «Тян шон» ном гирифтааст.

Ковишгари “Chung Ae 4”-и Чин ҳамроҳ бо моҳ‎наварди “Юто-2” сеюми январи соли 2019 бар маҳдудаи қутби ҷануб ва дар самти торики кураи моҳ фуруд омаданд ва ба ин тартиб нахустин ковишгари маснӯии сохтаи дасти инсон бар самти торики кураи моҳ нишаст.

 

 

Барчасп