Дидори валиаҳди Арабистон аз Покистон дар миёни тадобири шадиди амниятӣ
Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон рӯзи якшанбе бо 7 ҳавопаймо ва ҳамроҳии ҷангандаҳои покистонӣ дар миёни тадобири шадиди амниятӣ вориди фурудгоҳи Нурхони Исломобод шуд.
Манобеи хабарӣ пештар эълом карда буданд, ки Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ қарор аст аз авоили ҳафта сафар ба чанд кишвари осиёиро оғоз кунад ва дидори вай аз Покистон аввалин марҳала аз ин сафари осиёии вай маҳсуб мешавад.
Беш аз 12 ҳазор нерӯҳои амниятӣ, ки шомили муҳофизони шахсии Бин Салмон низ мешавад ҳифозат аз вайро ба ӯҳда доранд. Бо ин ки давлати Покистон хиёбонҳоро барои вуруди Бин Салмон тазйин кардааст, аммо мардум барои истиқболи аз вай ҳузур пайдо накарданд. Мардуми Покистон дар рӯзҳои ахир даст ба тазоҳуроти густурда дар эътироз ба сафари валиаҳди Арабистон заданд ва ҷиноёти оли Сауд алайҳи миллатҳои мусалмонро маҳкум карданд. Эътирозоти мардумӣ дар рӯзҳои ахир дар Покистон ба ҳадде будааст, ки ҳатто мунҷар ба таъхири якрӯзаи сафари валиаҳди Саудӣ ба Покистон шуд.
Ин дар ҳолест, ки эътирозоти мардумӣ бар дигар дидорҳои Бин Салмон аз чанд кишвари осиёӣ низ соя афкандааст. Муътаризон бо маҳкумияти иқдомоти ҷангафрӯзонаи Арабистон дар минтақа, бавижа ҳамалоташ ба Яман ва тавтеагарӣ алайҳи Сурия аз тариқи ҳимоят аз террористҳо ва низ созиш бо режими саҳюнистӣ, шиорҳоеро алайҳи ҳокимони оли Сауд, Амрико ва режими саҳюнистӣ сар доданд. Дар ин миён афкори умумии Покистон дахолатҳои мустамари ҳуккоми арабӣ дар умури дохилии ин кишварро боиси эҷоди мушкилот барои Покистон медонанд. Арабистон ва бархе аз давлатҳои арабӣ дар сададанд ба манзури дастёбӣ ба аҳдофи худ, Покистонро беш аз пеш вориди буҳронҳои минтақаӣ, азҷумла ҷанги Яман карда ва бо сиёсатҳои фитнагароёнаи худ ҳамроҳ созанд, ки чунин вазъияте паёмадҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ ва амниятии манфиро барои Покистон ба ҳамроҳ доштааст. Бо ин ки мақомоти покистонӣ муддаӣ ҳастанд, ки валиаҳди Арабистон то 20 миллиард доллар дар ин кишвар сармоягузорӣ хоҳад кард, аммо боз ҳам ҳазинаҳои ҳангуфти истиқбол аз Бин Салмон чандон тавҷеҳи иқтисодӣ надорад. Сиёсатмадорони покистонӣ бо ҳузур дар барномаҳои таҳлилии шабакаҳои мухталиф аз исроф ва рехтупоши давлати Умрон Хон барои истиқбол аз як меҳмони хориҷӣ ба шиддат интиқод карданд. Мунтақидон эълом карданд, ки шиорҳои давлат барои сарфаҷӯии иқтисодӣ куҷо рафт ва чаро барои валиаҳди Арабистон ба ин шиорҳо амал намешавад?
Рӯзномаи «Уммат» дар ин хусус навишт, давлати Покистон илова бар Бин Салмон мизбон як ҳазору сад нафар аз ҳамроҳон ва хадамаи вай аст, ки ин мавзуъ ҷойи ҳеҷ тавҷеҳе надорад.
Рӯзномаи амрикоии «Вол Стрит» низ таъкид кард, ки валиаҳди Арабистони Саудӣ бо сафари давраии осиёӣ мехоҳад аз инзивои байналмилалии худ бикоҳад ва нишон диҳад, ки ҳамчунон дар сатҳи байналмилалӣ дорои нуфуз аст.
Бин Салмон бо ин сафари намоишӣ ва таблиғотии худ дар садад аст то аз инзивои ҷаҳонии Арабистон бикоҳад ва ин гуна вонамуд кунад, ки ҳамчунон дар сатҳи байналмилалӣ дорои нуфуз аст. Муҳаммад Бин Салмон бо ин гуна иқдомоти намоишӣ ва таҷаммулотӣ ва фазосозиҳои расонаӣ савдои подшоҳӣ дар Арабистонро дар сар дорад. Тури мусофиратии ҷадиди Бин Салмон баёдоварандаи талошҳои собиқ ва мушобеҳи валиаҳди Саудӣ дар сафар ба чандин кишвари арабӣ ва африқоӣ дар ноябри гузашта аст, ки ба тазоҳуротҳои густурда дар он кишварҳо, бавижа дар Тунис дар мухолифат бо сафари Бин Салмон ба кишварашон анҷомид. Аз ин рӯ, шавоҳид нишон медиҳад, ки вай дар тури осиёии худ низ ноком хоҳад монд ва ба ин тартиб сафари осиёии валиаҳди Арабистон аз ҳамон оғоз бо шикаст мувоҷеҳ шудааст.
Муҳаммад бин Салмон, ки худро барои нишастан бар тахти салтанат омода мекунад, дар турҳои мусофиратии худ дар чанд моҳи гузашта бо эътирозҳои густурдаи мардумӣ рӯ ба рӯ шуд ва нишон дод, ки ибтикори амали Муҳаммад бин Салмон барои беҳбуди чеҳраи худ пас аз моҷарои қатли Хошуқҷи, бо истиқболи сарди мардум дар кишварҳои минтақа мувоҷеҳ шудааст. Даврагардии минтақаии бин Салмон ҳамроҳ бо дипломатияи пул ва боҷдиҳиҳои Бин Салмон ба давлатҳои мухталиф бо таваҷҷуҳ ба ҳазинаи сарсомоваре, ки ин гуна амалкардҳо барои режими Саудӣ ба ҳамроҳ доштааст, амалан натоиҷи мусбате барои Арабистон надоштааст. Ин рафторҳо нишон медиҳад, ки долларҳои нафтӣ ба танҳоӣ наметавонад барои давлат ва режими Саудӣ ва шахсияти ҷинояткоре ҳамчун Бин Салмон бо пешинаи ҷинояткорона эътибор эҷод кунад.