Тадриси забони тибетӣ дар Чин мамнуъ шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i41823-Тадриси_забони_тибетӣ_дар_Чин_мамнуъ_шуд
Чин тадриси забони тибетӣ тавассути роҳибаҳои буддоиро дар бархе манотиқ мамнӯъ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 19, 2019 13:15 Asia/Dushanbe
  • Тадриси забони тибетӣ дар Чин мамнуъ шуд

Чин тадриси забони тибетӣ тавассути роҳибаҳои буддоиро дар бархе манотиқ мамнӯъ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, ҳамзамон бо эъмоли маҳдудият барои созмонҳои мазҳабӣ дар сатҳи миллӣ масъулони устони Синхай эълом карданд, тадриси забони тибетӣ тавассути роҳибаҳо ғайриқонунӣ аст.

Ба гуфтаи масъулон, савмааҳое, ки дар онҳо тадрис мешавад, аз назари амниятӣ хатарнок ҳастанд ва таҷҳизоти муносибе барои пазириши донишомӯзон надоранд.

Давлати маҳаллии Чин эълом кардааст, тадриси забони тибетӣ барои донишомӯзон танҳо як бори молӣ барои хонаводаҳост ва бо қавонини коҳиши фаъолиятҳои донишомӯзон муғоийрат дорад.

Омӯзиши забони тибетӣ тайи чанд соли гузашта дар бархе манотиқи Чин бисёр маҳбуб шудааст. Аз дидгоҳи бархе хонаводаҳо, омӯзиши забони тибетӣ роҳе барои тақвияти забони тибетии фарзандонашон аст, ки дар баробари тавсеаи забони чинӣ дар мадорис дар ҳоли аз байн рафтан аст.