Феврал 24, 2019 12:32 Asia/Dushanbe
  • Узви парлумони Афғонистон: Имтиёздиҳӣ ба Толибон машрут шавад

Узви маҷлиси миллии Афғонистон гуфт: Имтиёздиҳӣ ба Толибон танҳо бояд дар сурате бошад, ки ин гурӯҳ дигар давлати Афғонистонро таҳдид накунад.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Раҳима Ҷомӣ узви комиссияи равобити байналмилалии парлумони Афғонистон гуфт, лағви таҳримҳои созмони милал аз 9 узви аршади Толибон ба маънои имтиёздиҳӣ ба ин гурӯҳ аст.

Вай таъкид кард, танҳо дар сурате бояд ба Толибон имтиёз дод, ки ин гурӯҳ қабул кунад, ки дигар давлати Афғонистонро таҳдид нахоҳад кард.

Ин изҳорот дар ҳоле баён мешавад, ки ахиран мавзӯи хуруҷи 9 тан аз сарони Толибон аз феҳристи сиёҳи таҳримҳои Созмони милал боло гирифтааст.

Зоҳиран Русия ва Амрико талош доранд то ба дархости Толибон барои хуруҷ аз ин феҳрист роҳеро ҷустуҷӯ кунанд.

Аммо давлати Афғонистон хуруҷи номи сарони Толибон аз феҳристи таҳримҳои Созмони милалро танҳо дар ҳитаи ихтиёроти давлати Ашраф Ғанӣ донистааст.

 

Барчасп