Феврал 24, 2019 13:51 Asia/Dushanbe
  • Аввалин чароғи сабзи Ҳинд ба Покистон барои коҳиши танишҳо

Саранҷом нахуствазири Ҳинд аввалин чароғи сабзро барои музокира бо Исломобод ва коҳиши танишҳои мавҷуд бо ин кишвар нишон дод.

Ба гузориши Тасним, Нарендра Моди нахуствазири Ҳинд барои аввалин бор пас аз пирӯзии Имронхон дар интихобот, бо канор гузоштани мавозеи тунд алайҳи Покистон аз музокира ва гуфтугӯ бо Покистон сухан гуфт.

Гузоришҳо ҳокӣ аст, нахуствазири Ҳинд эълом кард: Ман дар аввалин рӯзҳои пирӯзии Имронхон дар интихобот ба ӯ занг зада ва гуфтам: Ду кишвар даргириҳои фаровонеро таҷриба кардаанд, биё даст ба дасти ҳам диҳем ва алайҳи ҷаҳлу нодонӣ биҷангем.

Нарендра Моди таъкид кард: Акнун ман мунтазирам то Имронхон низ қадам пеш бигузорад ва барои музокирот бо Ҳинд рағбати худро нишон диҳад.

Нахуствазири Ҳинд изъон кард: Деҳлии Нав медонад, ки Кашмир беш аз ҳар ҷойи дигаре қурбонии терроризм ва ифротгароӣ шудааст.

Ин нахустин чароғи сабзи Ҳинд барои музокира бо Исломобод аст.

Дар рӯзҳои ахир ва пас аз ба вуқӯъ пайвастани инфиҷори террористие, ки мунҷар ба кушта шудани 44 низомии ҳиндӣ шуд, давлати Деҳлии Нав Исломободро масъули ин ҳодиса донист, вале натавонист иддаои худро дар маҷомеи байналмилалӣ исбот кунад.

Мавзӯи Кашмир бузургтарин ихтилофи байни ду кишвар аст ва Созмони милал дар ин хусус эълом кардааст: Бо баргузории як ҳамапурсии озодона бояд ояндаи мардуми Кашмир ба дасти худи онон рақам бихӯрад.

 

Барчасп