Каракас: Амрико ба дунболи баҳона барои ҳамла ба Венесуэла аст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i41974-Каракас_Амрико_ба_дунболи_баҳона_барои_ҳамла_ба_Венесуэла_аст
Вазири хориҷаи Венесуэла гуфт, Амрико ва муттаҳидонаш ноумедона ба дунболи баҳонае барои ҷанг бо Венесуэла ҳастанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 24, 2019 18:52 Asia/Dushanbe
  • Каракас: Амрико ба дунболи баҳона барои ҳамла ба Венесуэла аст

Вазири хориҷаи Венесуэла гуфт, Амрико ва муттаҳидонаш ноумедона ба дунболи баҳонае барои ҷанг бо Венесуэла ҳастанд.

Хорхе Ареза, вазири хориҷаи Венесуэла таъкид кард, Амрико бо ирсоли мошинҳои боркаши кумакии ба истилоҳ башардӯстона ба марзи Колумбия ва Венесуэла, ноумедона ба дунболи оғози ҷанг алайҳи Каракас аст.

Вай Майк Помпео, вазири хориҷаи Амрикоро ба саҳнасозӣ дар ростои мунҳариф кардани азҳони ҷомеаи ҷаҳонӣ муттаҳам кард.