Кушта шудани 300 нафар дар ҳамлаи ҳавоии Ҳинд ба Покистон
Дар ҳамлаи ҷангандаҳои артиши Ҳинд ба пойгоҳи гурӯҳҳои террористии Ҷайш Муҳаммад ва лашкари Тайиба дар хоки Покистон ҳудуди 300 нафар кушта шуданд.
Рӯзномаи Ҳиндустон Таймз ба нақл аз мақомоти ҳиндӣ эълом кард, 12 ҷангандаи миражи 2000 нерӯи ҳавоии Ҳинд муҷаҳҳаз ба бомбҳои лазерӣ соати 4 субҳи имрӯз ба вақти маҳаллӣ се пойгоҳи ин гурӯҳҳоро дар манотиқе аз шимоли ғарбии Покистон бомбборон карданд.
Ин нахустин бор аз 1971 токунун аст, ки ҷангандаҳои нерӯи ҳавоии Ҳинд аз хати контроли Кашмир убур карда ва вориди ҳарими ҳавоии Покистон шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки Покистон вуқуи талафоти сангин дар бомбборони ҷангандаҳои ҳиндиро рад ва эълом кардааст, ки ҷангандаҳои нерӯи ҳавоии Ҳинд пас аз мувоҷеҳ шудан бо падофанди ҳавоии Покистон, бомбҳои худро дар манотиқи холӣ аз сакана раҳо карданд ва дар ин иқдом ҳеҷ осебе ба зерсохтҳо нарасидааст.
Ин ҳамла чанд рӯз пас аз вуқуи ҳодисаи террористӣ дар Кашмири Ҳинд рӯй дод, ки дар паи он 44 низомии Ҳинд кушта ва даҳҳо нафари дигар низ захмӣ шуданд.
Гурӯҳи террористии Ҷайш Муҳаммад масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифтааст.
Ҳинд, Покистонро омили ин ҳамла муаррифӣ карда, аммо Исломобод ин иттиҳомро рад кардааст.